ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 сентябр, ҷумъа, 253-юмин рӯзи соли 2021 аст
10 сентябри соли 2002 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавии ҷашни 2500-солагии шаҳри Истаравшани вилояти Суғд иштирок намуданд.
***
13 сол пеш, 10 сентябри соли 2008 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент дар доираи тантанаҳои 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ маросими расмии ба истифода додани мақбараи ӯ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2009 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими рӯнамоии аввалин китоби 4-ҷилдаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих: аз Ориён то Сомониён» бо забони ҳиндӣ доир карда шуд.
10 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Литва – Рӯзи пойтахт.
***
Дар Чин – Рӯзи муаллимон.
РӮЙДОДҲО:
10 сентябри соли 2008 дар дафтари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорони минтақаи Осиёи Марказӣ оид ба инъикоси масъалаҳои савдо видеоконфронс доир карда шуд.
***
10 сентябри соли 2016 бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ба маносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон намоишгоҳи аксҳои наворбардор ва суратгири машҳури тоҷик, Корманди хизматнишондодаи Тоҷикистон, академики Академияи рассомии Тоҷикистон Заур Дахте баргузор гардид.
***
127 сол пеш, 10 сентябри соли 1894 дар Лондон аввалин ронанда барои дар ҳолати мастӣ рондани мошин ҷарима карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1964 қӯшунҳои СММ бо мақсади қатъи муноқишаҳо миёни ҷамъиятҳои юнониҳою туркҳо ба Кипр фуруд омаданд.
***
10 сентябри соли 1972 дар Мюнхен Бозиҳои ХХ тобистонаи олимпӣ, ки 26 августи ҳамон сол оғоз гардида буданд, ба охир расиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2014 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе Бизнес-форуми истеҳсолкунандагони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай, кишварҳои нозир ва ҳамкор баргузор гардид.
***
Соли 1940 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин шиносномаҳо ба шаҳрвандон дода шуданд.