ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 сентябр, шанбе, 261-умин рӯзи соли 2021 аст

Сентябрь 18, 2021 08:00

18 сентябри соли 2008 дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Форуми сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 18 сентябри соли 2013 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи ҳарбӣ миёни Тоҷикистон ва Россияро, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расид, барои тасдиқ ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Ассамблеяи генералии 72-юми Созмони Милали Муттаҳид ба шаҳри Ню-Йорки ИМА сафар карданд.

18 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мониторинги сифати об.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи мусиқии миллӣ.

***

Дар Арманистон – Рӯзи ситорашиносӣ.

РӮЙДОДҲО:

18 сентябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе масоили васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Америка дар доираи созмонҳои байналхалқӣ баррасӣ шуд.

***

18 сентябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Фазои дӯстӣ» доир шуд.

***

9 сол пеш, 18 сентябри соли 2012 дар пойтахти мамлакат   намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ноҳияи мухтори Синзян-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

***

18 сентябри соли 2015 дар шаҳри Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ду корхонаи бузурги истеҳсолӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Вежа фармасевтикалс» ва Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти чиниворӣ ва хиштҳои ба оташ тобовар ба истифода дода шуданд.

***

74 сол муқаддам, 18 сентябри соли  1947 Раёсати марказӣ-иктишофии ИМА таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1980 аввалин киштии кайҳонии «Союз-38» бо кайҳоннаварди кубагӣ  ба кайҳон баромад.

***

18 сентябри соли  1981 дар Франсия ҳукми қатл бекор карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷамъомади ҷумҳуриявии  адвокатҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 1851 аввалин шумораи рӯзномаи «Ню-Йорк Таймс» аз нашр баромад, ки 2 сент арзиш дошт.

Сентябрь 18, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 ноябр, ҷумъа, 327-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст