ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 сентябр, чоршанбе, 251-умин рӯзи соли 2021 аст

Сентябрь 8, 2021 08:00

8 сентябри соли 2007  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси бошукӯҳ ба ифтихори 16-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва 800-умин солгарди зодрӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ суханронӣ карданд.

***

7 сол пеш, 8 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид.

 ***

Дар ин  рӯзи соли 2016 дар толори бузурги «Кохи Борбад» ба истиқболи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

8 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии ҳамраъйии журналистӣ.

***

Рӯзи байналмилалии саводнокӣ.

***

Дар Россия – Рӯзи мутахассисони корҳои молия.

***

Дар Македония – Рӯзи истиқлолят.

РӮЙДОДҲО:

8 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе симпозиуми байналмилалии  «Саҳми тоҷикон дар тамаддуни ҷаҳонӣ» баргузор гардид.

***

8 сентябри соли 2014 масоили гуногуни ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия, аз ҷумла, дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, сайёҳӣ, технология, энергетика ва фарҳанг баррасӣ гардиданд.

 ***

6 сол пеш, 8 сентябри соли 2015 маҷаллаи мисрии «Diplomacy» дар шумораи навбатии худ  мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Миср Хусрав Нозириро бо сармуҳаррири маҷаллаи мазкур Абдулҳай Мухтор чоп намуд. Дар мусоҳибаи мазкур сафири давлати мо ба пурсишҳои сармуҳаррири маҷалла дар бораи таърих, вазъ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Миср ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми нашрия посух дод.

***

8 сентябри соли 1636 яке аз машҳуртарин донишгоҳҳои ИМА-Гарвард таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1905 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Италияи Ҷанубӣ зиёда аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

***

8 сентябри соли 1970 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ  низомномаи мактабҳои миёна қабул гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хишти аввали сохтмони Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо гузоштанд.

***

Соли 2009 дар ноҳияи Варзоб зеристгоҳи барқии  «Душанбе-500» ба истифода дода шуд.

Сентябрь 8, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш