ТУРКИЯ АЗ КУМАК БА ТОЛИБОН ДАСТ КАШИД. Реҷеп Тайип Эрдоган он чиро, ки Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ҷонибдорӣ мекунад

Сентябрь 27, 2021 14:04

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Туркия ва ҳаракати «Толибон»* дар бораи ҳузури намояндагони турк дар фурудгоҳи Кобул ба мувофиқа нарасиданд», — иброз дошт Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дирӯз, 26 сентябр. Ӯ гуфт, ки ҳоло «масъалае мавҷуд нест», ки ҷонибҳо дар бораи он «ба тавофуқ расида, ризоият пайдо карда бошанд». Ӯ бар он аст, ки «дар ин бора гап задан маъно надорад», Туркия «дар фурудгоҳ ҳузур надорад», хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Туркия Манижа МАҚСУД.

Баранда Маргарет Бреннан пурсид, ки оё ҷаноби Эрдоган метавонад бо ҳукумате, ки танҳо ба писарон ба мактаб рафтанро иҷозат диҳад ва ишғоли мансабҳои давлатиро ба занон манъ кунад, ҳамкорӣ намояд. Дар навбати худ Реҷеп Тайип Эрдоган посух дод, ки мавқеи Туркия дар мушкилоти занон ба ҳама маълум аст.

«Занон дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт- дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, адлия, додгоҳ ҳузур доранд. Агар вазъ дар кишвари мо чунин бошад, чаро мо бояд дар Афғонистон мавқеи дигар дошта бошем? Назари мо ба Афғонистон ҳам дахл дорад. Дар мавриди масъалаҳое, ки ман ҳоло номбар кардам, агар онҳо мувофиқат кунанд, қабул ва эътироф карда шаванд, мо метавонем бо толибон ҳамкорӣ намоем, аммо дар акси ҳол, мо бо онҳо робита нахоҳем кард», — таъкид дошт Президенти Туркия.

Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган дар мусоҳиба бо CBS шарҳ дод, ки чаро ин кишвар аз ҳамкорӣ бо толибон дар таъмини фаъолияти фурудгоҳи Кобул даст кашид. Ӯ гуфт, ҳарчанд кишвараш бо Афғонистон равобити таърихӣ дорад, аммо шаҳрвандони Туркия ба далели «иштибоҳҳои содиршуда» тахлия шудаанд. Ҳамзамон дар Афғонистон як ҳукумати «фарогир набуда» таъсис ёфтааст, ки ба он «ҳамаи гурӯҳҳои мухталиф шомил нестанд». Эрдоган гуфт, то замоне ки вазъ тағйир наёбад, Туркия «дар Афғонистон ҳузур нахоҳад дошт».

Қаблан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон изҳори назар карданд: 25 август зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон дар Душанбе, 8 сентябр зимни суханронии худ ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 24 сентябр дар иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ. Президенти Тоҷикистон бар онанд, ки барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақаллияти миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

«Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеи кулли мардуми Афгонистон, бахусус тамоми ақаллияти миллии он таъсис дода мешавад, эътироф нахоҳад кард», — иқтибос меорад АМИТ «Ховар» суханҳои Эмомалӣ Раҳмонро.

Президентҳои Тоҷикистон ва Туркия Эмомалӣ Раҳмон ва Реҷеп Тайип Эрдоган 9 сентябри соли равон зимни суҳбати телефонӣ вазъи Афғонистонро баррасӣ намуда, мавқеи ҳамсонро нисбат ба ин масъала тасдиқ карданд, хабар медиҳад ТАСС. Сарони давлатҳо ба равандҳои изтиробангези рушди авзоъ дар Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

«Зимни баррасии мушкилоти Афғонистон президентҳо ҳамсон ё наздик будани мавқеи Тоҷикистон ва Туркияро нисбат ба масъалаҳои мубрами он таъкид карда, дар кишвар таъсис додани ҳукумати фарогирро бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои сокини он амри зарурӣ донистанд ва ба зарурати расонидани кумаки гуманитарӣ ба мардуми Афғонистон ишора карданд», — омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҷонибҳо дигар масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.

«Толибон»*- ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнӯъ аст.

                       АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Сентябрь 27, 2021 14:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо имконоти сайёҳии дараи Ромит шинос мешаванд
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо иқтидори бойи обию энергетикии Тоҷикистон шинос мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Хадамоти алоқа иштирокчиёнро бо интернети баландсуръат таъмин менамояд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои меҳмонон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд
Ҷавонон дар баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чӣ гуна саҳм мегузоранд?
Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштироки беш аз 1000 намоянда дар назар дошта шудааст
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Он мавқеи пешоҳангии Тоҷикистонро дар ҳалли мушкилоти обу иқлим мустаҳкамтар менамояд
Пиряхи Хирсони ҳавзаи дарёи Ванҷ тақрибан ба дарозии 828 метр коҳиш ёфтааст
Дар Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Тоҷикистон чун давлати дорои захираҳои бузурги об ва пирях дар масъалаи ҳифзи обу пиряхҳо нақши муҳим дорад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Иштирокдорони ин чорабинӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар доираи ин чорабинӣ намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда мешавад