Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 22.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун дар маркази ноҳияи Рашт бо роҳбарону фаъолони ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти самимӣ доир карда, дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ иштирок намуданд.
Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинонро бо ҷашни бузурги миллӣ 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфтанд.
Таъкид гардид, ки аз ҷониби сокинони заҳматкаш ва ватандӯст ба ифтихори ҷашни миллӣ дар ҳамаи ноҳияҳои водии Рашт, дар маҷмӯъ, сохтмони қариб 1000 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ бо харҷи 445 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида буд ва то имрӯз корҳо дар 880 иншоот ба анҷом расонида шуд.
Аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои минтақа аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 6,6 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба ноҳияи Нуробод 2,2 миллиард, Рашт 1,5 миллиард, Сангвор 914 миллион, Лахш 1,2 миллиард ва Тоҷикобод 787 миллион сомонӣ равона шудааст.
Ҳамчунин, дар ноҳияҳои минтақаи Рашт то имрӯз барои сохтмону таҷдид ва муҷаҳҳаз намудани муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, бунёд ва таҷдиди роҳҳои мошингард, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва интиқоли нерӯи барқ, кам кардани талафоти он, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз зарари офатҳои табиӣ татбиқи 79 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 2,3 миллиард сомонӣ анҷом ёфта, ҳоло амалисозии 21 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то имрӯз беш аз 183 миллион сомонӣ аз худ шудааст.
Танҳо дар 10 соли охир ба ноҳияҳои минтақа 150 миллион сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб шуда, барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани шумораи зиёди аҳолӣ мусоидат кардааст.
Ҳамзамон бо ин, ба аҳолии ноҳияҳои минтақа 11,4 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст, ки дар муқоиса бо давраи то соли 1991 се баробар зиёд мебошад.
Барои ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияҳои водӣ дар панҷ соли охир дар доираи барномаҳои рушди ноҳияҳои минтақа садҳо лоиҳа ба маблағи умумии беш аз 200 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.
Инчунин, дар доираи барномаҳои нави рушди маҳал барои панҷ соли минбаъда амалисозии беш аз 900 лоиҳа ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, ки доир ба рушди саноати коркард аз захираву имкониятҳои зиёд самаранок истифода баранд.
То имрӯз дар ҳудуди ноҳияҳои водии Рашт бо татбиқи якчанд лоиҳаи сармоягузории давлатӣ 128 километр хатҳои интиқоли барқ, 45 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 3,2 ҳазор киловатт-соат ва ду бинои маъмурӣ барои шабакаҳои барқии минтақа бунёд ва ба истифода дода шудаанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар соҳаи роҳу нақлиёти ноҳияҳои водии Рашт то имрӯз 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 614 километр роҳ ва 25 пул сохта, ба истифода дода шудааст. Ҳоло боз 3 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 5 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 100 километр роҳи дорои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, 3 нақб ва 20 пул сохта, ба истифода дода мешавад.
Бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳияҳои водии Рашт 292 бинои нави таълимӣ барои беш аз 54 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. То охири соли ҷорӣ сохтмони боз 13 бинои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7 ҳазор хонанда бунёд карда мешаванд.
Ҳукумати мамлакат барои фароҳам овардани шароити муосири хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он дар ноҳияҳои водии Рашт пайваста чораҷӯӣ менамояд. Бо ин мақсад дар давраи соҳибистиқлолӣ дар минтақаи Рашт 15 маркази саломатии ноҳиявӣ, қариб 130 бунгоҳ ва даҳҳо иншооти дигари тиббӣ бунёду азнавсозӣ карда шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳаи тиб аз минтақаи Рашт қариб 1000 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ, аз ҷумла 350 нафар тибқи квотаи Президентӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Дар охири суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсти ин минтақа барои боз ҳам ободу зебо гардонидани диёри худ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоламон минбаъд низ саъю талоши ватандӯстонаро идома ва вусъат мебахшанд.
Дар ҳамин ҷо пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи рангину бошукуҳи консертии устодони санъат ва ҳунармандон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.









Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъйиноти гуногунро дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






