Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО дар Нур-Султон иштирок намуд

Октябрь 12, 2021 16:57

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 12 октябр дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи шашуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фарҳод Салим намояндагӣ кард.

Ф. Салим  оид ба масъалаҳои муҳимми минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон изҳори назар намуда, ширкаткунандагонро бо иқдомҳои Тоҷикистон дар самти муҳитизистӣ шинос намуд.

Ҳамчунин Ф. Салим аз кишварҳои узв барои ҷонибдории иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли ҳифзи пиряхҳо даъват ба амал овард.

Инчунин, 12 октябри соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи ҷаласаи 6-уми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим дар мулоқоти муштараки роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви МҲТБО ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзид.

Дар рафти мулоқот ҳайатҳо ба ҷониби қазоқистонӣ ҷиҳати баргузор намудани мулоқоти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви МҲТБО изҳори сипос намуда, оид ба роҳу воситаҳои таҳкими ҳамкориҳо ва тадбирҳои боварӣ дар минтақа табодули назар намуданд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Октябрь 12, 2021 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк омодагӣ ба Конфронси оби СММ – 2028 дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид
Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид