Қазоқистон узви Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ интихоб шуда, Тоҷикистон ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҷаласаи 76-уми Ассамблеяи генералии СММ дар Ню-Йорк Қазоқистон узви Шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ дар солҳои 2022-2024 интихоб гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз Агентии байналхалқии иттилоотии «Казинформ» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон иттилоъ додааст.
Самтҳои афзалиятноки кори Қазоқистон дар Шӯро инҳо муайян гардидаанд: пешбурди баробарии гендерӣ ва болобарии ҳуқуқҳо ва имконияти занон, бекоркунии умумии ҷазои ҳукми қатл, мубориза бар зидди ҳама гуна шаклҳои таҳаммулнопазирӣ, озодии динӣ ва ақида, таъмини маърифати умумӣ ва фарогир, инчунин эҳтироми ҳуқуқи инсон дар шароити пандемияи COVID-19.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номзадии Тоҷикистонро ба сифати узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ дар давраҳои солҳои 2028-2029 пешниҳод намуда буданд.
«Барои гузоштани саҳми худ дар татбиқи ҳадафу вазифаҳои Шӯрои Амнияти СММ ва бо мақсади табодули ғании таҷрибаи Тоҷикистон дар роҳи мубориза бар зидди хатарҳо, барқарорсозии пурраи сулҳу субот бо роҳи музокирот мо тасмим гирифтем, ки кишварамонро барои узвияти ғайридоимӣ дар Шӯро дар солҳои 2028-2029 пешбарӣ кунем»,-зикр намуданд Пешвои миллат 24 сентябр зимни муроҷиати видеоии худ дар мубоҳисаҳои умумӣ дар доираи ҷаласаи 76-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид.
Бояд гуфт, ки миёни аъзои доимии Шӯрои Амнияти СММ ҳоло 5 кишвар мавҷуданд: Русия, ИМА, Британияи Кабир, Чин ва Фаронса.
АКС аз «reuters.com»








Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд






