Ба 23 нафар бонувони ҳунарманди ноҳияи Шуғнон таҷҳизоти истеҳсолӣ кумак расонида шуд

Октябрь 16, 2021 10:36

ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 23 нафар бонувони ҳунарманди ноҳияи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо намояндагии Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи ISPIKE ҷиҳати пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таҳҷизоти дӯзандагӣ, тафдони барқӣ ва дигар намуди дастгоҳ кумак расонида шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба МИҲД-и ноҳияи Шуғнон.

Намояндагии Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷкистон оилаҳои муҳоҷирон ва занони хонашинро моҳи апрели соли равон дар доираи ин лоиҳа ба курсҳои омӯзишӣ зери унвони «Бизнеси худро равнақ бубахш ва ояндаро ба нақша гир» ҷалб намуд.

Дар робита ба ин 14 октябр занону бонувони ҳунарманде, ки аз курсҳои омӯзишӣ гузашта, аллакай фаъолияти соҳибкориашонро ба роҳ мондаанд, маҳсулоти тайёрнамудаи хешро ба меҳмонон ва ҷамъомадагон ба намоиш гузоштанд, ки писанди ҳамагон гардид.

Мақсади асосии чунин курсҳои омӯзишӣ- ин баланд бардоштани малакаи тиҷоратии занону бонувон мебошад, ки дар оянда тавонанд ҷойи кор ташкил намуда, худ ва оилаашонро бо зиндагии шоиста таъмин намоянд.

Зимни боздид аз намоиши ҳунарҳои дастии бонувони ноҳия раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода ба роҳбарияти намояндагии Донишкадаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон барои дастгирии бонувони ноҳия изҳори сипос намуда, барои минбаъд низ вусъат бахшидани ҳамкории судманди тарафайн изҳори боварӣ намуд.

АКСҲО : МИҲД-и н. Шуғнон

Октябрь 16, 2021 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад