БА ХИЗМАТИ ВАТАН ОМОДАЕМ! Дар Мастчоҳ аввалин гурӯҳи даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел карда шуд

Октябрь 2, 2021 11:29

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи 2 октябр дар майдони Парчами давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Мастчоҳ ба ифтихори гусели аввалин гурӯҳи даъватшавандагони мавсими тирамоҳии имсола ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба нашрияи «Нигоҳи халқ».

Дар чорабинии мазкур роҳбарияти ноҳия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, барқароркунандагони сохти конститутсионӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муҳассилони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок карданд.

Муовини якуми раиси ноҳияи Мастчоҳ Муллосоқӣ Атовуллозода ҷавонони ватандӯстро, ки  бо амри дилу виҷдон барои ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайвастан азм кардаанд,  муборакбод  гуфта, барояшон иқболи баланд ва хизмати содиқона таманно кард.

«Имрӯз ифтихори ватандорӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандӣ шуморо ба марҳилаи муҳими ҳаёт — хизмат дар сафи Артиши миллӣ равона намудааст. Боварии комил дорам, ки дар ин мактаби мардонагӣ таҷрибаи зиндагӣ, ҷавонмардӣ ва ҷонфидои марзу бум буданро омӯхта, ҳамеша барои амнияту суботи кишвар ва ҳимояи хоки Тоҷикистон  содиқона хизмат мекунед», — таъкид кард Муллосоқӣ Атовуллозода.

Комиссари ҳарбии ноҳия, подполковник Аҳадҷон Аҳмадзода доир ба аҳамияти хизмати ҳарбӣ дар рушди зеҳниву ҷисмонии ҷавонон сухан гуфта, таъкид намуд, ки то имрӯз бештар аз  70 нафар ҷавонон аз комиссияи тиббӣ гузашта, барои ба сафи Артиши миллӣ пайвастан пурра омодаанд.

«Хушбахтона, 40 нафар аз онҳо бо дастгирии амалии раиси ноҳия, шодравон Тоҳир Азиззода дар мактаби ронандагӣ таҳсил намуда, соҳиби ҳуқуқи ронандагӣ гаштанд», — гуфт Аҳадҷон Аҳмадзода.

Роҳбари филиали ташкилоти ҷамъиятии «Мададгори мудофиа» дар ноҳия Икром Ҳомидов низ даъватшавандагонро табрик гуфта, дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо ҳуҷҷатҳои ронандагӣ тақдим намуд.

Пас аз супоридани туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ ва  маросими халқии нонгазон барномаи рангини фарҳангӣ  доир шуд.

Дар охир даъватшаванда аз Ҷамоати деҳоти Оббурдон Абдумалик Амонов  бо ибрози ифтихору хушнудӣ аз Рӯзи даъватшаванда аз дигар ҳамсолони худ хоҳиш кард, ки рисолати фарзандиву шаҳрвандии худро сарбаландона  иҷро намоянд.

Аксҳо аз нашрияи «Нигоҳи халқ»

Октябрь 2, 2021 11:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд