БАБРИ БАРФӢ ДАР «ДАШТИҶУМ». 70 фоизи масоҳати паҳншавии ин ҳайвони нодир дар ҳудуди Бадахшон ҷойгир аст

Октябрь 27, 2021 11:23

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар даромадгоҳи Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум»  бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ муҷассамаи яке аз ҳайвоноти нодири Тоҷикистон-бабри барфӣ гузошта шуд. Бабри барфӣ, ки онро озодапаланг ҳам меноманд, ҳайвони ваҳшии нодиртарин  маҳсуб шуда, соли  1963 дар «Китоби сурх»-и ҷаҳонӣ ва соли 1988 дар «Китоби сурх»-и Тоҷикистон сабт гардидааст, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бабри барфӣ дар  қисмати  ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон, дар экосистемаи табиии резервати биосферии Ромит ва экосистемаи табиии мамнуъгоҳи Даштиҷум, Зоркӯл, қисмати  паркҳои  табиии миллии Тоҷикистон  дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Лахш ва Сангвор сукунат дорад.  Тибқи омори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон ҷойгир аст. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар баландиҳои аз 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиёд намудани саршумори бабри барфӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуда, дар ин самт аз  ҷониби   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Яке аз онҳо дар мавзеи Ҷамантали Мурғоб бунёд намудани Маркази солимгардонии ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ дар масоҳати 10 гектар мебошад. Гузоштани муҷассамаи бабри барфӣ  дар Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» бозгӯи муаррифии бештари ин ҷонвари нодири табиати нотакрори Тоҷикистон ба дӯстдорони табиат, хусусан сайёҳони хориҷӣ мебошад.

Мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум»  соли 1983 дар ҷануби Тоҷикистон таъсис дода шуда, масоҳаташ 19700 гектарро ташкил медиҳад. Мамнӯъгоҳ бо мақсади омӯзиш, барқарор ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир, аз ҷумла бабри барфӣ  дар доманаи ҷанубии каторкӯҳҳои Дарвоз таъсис дода шудааст.

 Акс аз манбаъҳои боз

Октябрь 27, 2021 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад