БОЯД ҲУКУМАТИ ФАРОГИР ТАШКИЛ КАРДА ШАВАД. Инро дар изҳороти худ иштирокчиёни ҷаласаҳо дар Душанбе ва Москва оид ба Афғонистон зикр намуданд

Октябрь 21, 2021 12:54

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре дирӯз АМИТ «Ховар» хабар дод, 20 октябр дар Душанбе ва Москва ду ҷаласа оид ба Афғонистон баргузор шуд, ки иштирокчиёни онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват карданд, ки баҳри ҳалли қазияи ин кишвар роҳи ягонаро коркард намоянд. 

Тавре дар изҳороти иштирокчиёни ҷаласаи хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон, ки дар Душанбе баргузор шуд, гуфта мешавад, ҷонибҳо зикр карданд, ки вазъи Афғонистон мураккаб боқӣ монда,  амалҳои террористӣ ва дигар аъмоли хушунатомез бо қурбонии зиёди одамон идома доранд.

Дар ҳошияи равандҳои ташаннуҷи вазъият тамоюли ҷалбсозии  ҷавонони мансуб ба миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ ҷой дорад.

Фаъолияти созмонҳои байналмилалии террористӣ барои мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон хатар эҷод мекунад.

Иштирокдорони ҷаласа аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо назардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва конфессиалӣ махсус зикр намуданд.

Дар изҳороти муштарак, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи Москва қабул шуд, иштирокчиёни он (намояндагони Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва инчунин ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон) низ аз роҳбарияти кунунии Афғонистон даъват карданд, ки барои ташкили ҳукумати воқеан фарогир ва пеш бурдани сиёсати дӯстона нисбат ба кишварҳои ҳамсоя тадбирҳои иловагӣ андешад.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, СММ аз «Толибон»* (мамнуъ дар Тоҷикистон) интизор дорад, ки ҳукумати нави Афғонистон фарогир хоҳад буд. Дар ин бора 1 сентябр дар брифинг муовини намояндаи расмии Дабири кулли СММ Флоренсия Сото Нин изҳор дошт.

«Шӯрои Амният қаблан (дар изҳороте, ки 16 август интишор шуд, — тавзеҳи АМИТ «Ховар») ва Дабири кулл дирӯз (31 август дар мулоқот бо намояндагони доимии панҷ кишвари Шӯрои Амнияти СММ бахшида ба Афғонистон, тавзеҳи АМИТ «Ховар») возеҳ иброз доштанд, ки мо интизори ҳукумати фарогир ҳастем», — гуфт ӯ.

Ёдовар мешавем, ки миёни сарони давлатҳо бори аввал пешниҳод дар бораи зарурати таъсиси ҳукумати фарогир дар Афғонистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 августи соли равон дар мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Маҳмуд Қурейшӣ садо дод. Баъдан, Сарвари давлат дар ин бора борҳо дар ҷаласаҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе ва ҳамчунин дар мулоқот бо роҳбарон ва сиёсатмадорони дигар кишварҳои ҷаҳон изҳори назар карданд.

Дар мубоҳисаи умумӣ дар ҳошияи иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ, ки 24 сентябри соли равон баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин муроҷиат карданд:

«Шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон омили дигари бештар ноамн гардидани вазъи сиёсиву амниятӣ дар кишвари ҳамсояи мо мебошад. Бо дарназардошти ин ҳолат, роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.

Дар ин росто, тоҷикони Афғонистон низ, ки беш аз 46 фоизи аҳолиро ташкил медиҳанд, баробари дигар қавмҳои ин кишвар ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумул бо иштироки намояндагони тамоми  гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллияти милливу қавмӣ ташкил карда шавад».

ДАР АКС: зиндагии мардум – то толибон. Кобул, 1990. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 21, 2021 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»