Боздид аз боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дар ноҳияи Ховалинг
ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи мевадиҳандаи Хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» боздид намуда, бо фаъолияти боғпарварон, сабзишу нашъунамои боғи мазкур, ҷамъоварии себ ва намунаи маҳсули дастранҷи кишоварзон шинос гардиданд.
Боғи мевадиҳандаи хоҷагии деҳқонии «Парвиз Т» дар доираи татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ — Тоҷиддин Тешаев бо ҳамроҳии оилааш Салимамо Саидова бунёд карда шудааст ва ҳосили он асосан барои содирот пешбинӣ гардидааст.
Боғи мазкур даҳ сол қабл бунёд гардида, дар он ниҳолҳои ба шароиту иқлими ин минтақаи кӯҳдоман тобовар, аз қабили себи сурхи америкоӣ, голден ва сабзранги самаренко, се намуд нок ва нашпотӣ, олуча, инчунин хуч шинонида шудааст.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ва боғпарварон маслиҳат доданд, ки бо мақсади боло бурдани иқтидори содиротӣ майдони боғи мазкурро боз ҳам васеъ намоянд.
Бо дарназардошти хусусияти хуби биологию истеҳсолӣ ва саривақт анҷом додани корҳои агротехникӣ дар ин мавзеъ барои таъмини рушди соҳа ташкили ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ дар майдони 1,4 гектар боғи мевадиҳанда бунёд карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки боғи мевадиҳанда дар асоси тавсияи олимону мутахассисони соҳа ташкил гардида, дар баробари себ то имрӯз 200 килограмм олуча ва 100 килограмм хуч ҷамъоварӣ карда шудааст.
Ба андешаи хоҷагидорон имсол ҳосилнокии себ хуб буда, дар назар аст, ки аз ҳар як ниҳоли себ 80 то 100 килограмм мева ба даст оварда шавад.
Анҷом додани корҳои саривақтии агротехникӣ ба сабзишу ҳосилбандии ниҳолҳо мусоидат намуда, солҳои наздик ҳосилнокӣ аз ҳар як ниҳоли себ ба 100-120 килограммӣ расонида мешавад.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад






