БУНЁДИ РОҲҲОИ МУОСИР ДАР ПЕШРАФТИ ШАҲРҲО НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД. Эҳдо ба Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрҳо
ДУШАНБЕ, 31.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 31 октябр Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрҳо (World Cities Day) ҷашн гирифта мешавад.
Хабарнигори АМИТ «Ховар» ба муносибати ин сана, ки соли 2013 тибқи қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (A/RES/68/239) бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз масоили доғ – аз деҳот ба шаҳрҳо кӯчидани аҳолӣ (урбанизатситя) таъсис дода шудааст, дар бораи рушди бемайлони шаҳри Душанбе дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат нақл мекунад.
Дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ лоиҳаҳои азими меъморӣ татбиқ гардида, таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ теъдоди биноҳои зебою пурҳашамати замонавӣ — маъмурӣ, фарҳангӣ ва истиқоматӣ афзуда истодааст.
Имрӯзҳо дар доираи нақшаҳои бузургу созандаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, дар қатори дигар лоиҳаҳои муҳим бунёди роҳҳо ва таъмиру тармими онҳо алалхусус дар пойтахти мамлакат бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо суръат вусъат меёбад.
Тавре муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода иброз дошт, танҳо дар шаш моҳи соли 2021 ҷиҳати ба меъёрҳои замонавии шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахт дар 7 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 13,9 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр, дар 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 1,5 километр ва дар 48 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 84,9 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он ба 79,4 миллион сомонӣ баробар гардид. Инчунин дар ин давра сохтмон ва навсозии роҳҳои автомобилгарди назди бозори «Корвон» бо дарозии 1,85 км, хиёбони Сино бо дарозии 0,5 км ва кӯчаи академик А.Адҳамов бо дарозии 1,12 км амалӣ гардида истодааст. Дар баробари ин, дар ин давра навсозии хиёбони Ҳ.Шерозӣ бо дарозии 2,32 км ва сохтмони 2 адад истгоҳҳои нақлиёти замонавӣ дар кӯчаи Р. Набиев ба истифода дода шуд.
Яке аз ҳадафҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар солҳои охир пурра таъмир ва асфалтпӯш намудани тамоми роҳҳои пойтахт — роҳҳои асосӣ ва дохилии он мебошад. Айни замон корҳои ободонӣ, таъмири ҷории роҳҳо ва васеъ намудани онҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, шинондани гулҳо, бунёди чаманзор, тоза нигоҳ доштани роҳу ҷӯйборҳо дар пойтахт ҷараён доранд.
Дар чанд соли охир дар пойтахти мамлакат роҳу пулҳои бисёрсатҳаи замонавӣ ба истифода дода шуданд, ки бунёди ин гуна роҳҳои муосир дар пешрафти шаҳрҳо, таъмини ҳаракати муназзами нақлиёт, бехатарии роҳгузарон ва тараққиёти давлат нақши муҳим дорад.
Бунёди роҳҳои бисёрсатҳа дар Душанбе тақозои ҷомеаи навин буда, барои беҳтар гардидани шароити ҳаракат дар пойтахт мусоидат менамояд. Ҳамин аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 5 сентябри соли 2018 дар маҳаллаи 82-юми пойтахт аввалин эстакада дар Тоҷикистон ифттитоҳ гардид. Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд гардидааст.
Чорсӯ аз 3 сатҳ иборат буда, дар буриши хиёбони Нусратуло Махсум бо хиёбони Бобоҷон Ғафуров қарор дорад. Дар сатҳи дуввуми чорроҳа роҳи давродаврие бунёд шудааст, ки ҳаракати нақлиёт дар он тавассути нишонаҳои махсус роҳнамоӣ карда мешавад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб кӯпрук бо дарозии 125 метр ва паҳноии 24,8 метр мегузарад.
Дар роҳи сеқабата ҳамаи қитъаҳо бо асфалти замонавӣ бо иловаи маводи кимиёвие, ки рӯйпӯши роҳро устувору қавӣ ва ба лағжиш тобовар менамояд, амалӣ гардидааст. Ба гуфти масъулин, ин навъи асфалт бори нахуст дар Тоҷикистон истифода мегардад ва муҳлати баҳрабардорӣ аз он назар ба дигар намуди он 4 – 5 сол зиёдтар мебошад. Лоиҳаи сохтмони эстакада дар шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ амалӣ шудааст ва дар доираи он нақби барқи баландшиддат бо дарозии 730 метр бунёд гардидааст. Барои рӯшноидиҳӣ 121 сутунпоя насб шудаанд.
Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёт – Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва паймонкори лоиҳа Корпоратсияи роҳҳо ва пулҳои «Синдзян-Бейсин» –и Ҷумҳурии Мардумии Чин буда, сифати сохтмонро Ширкати машваратии «SAI»-и Ҳиндустон назорат бурдааст. Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла, оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва якчанд тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ бо дарозии 568 метр ва зеризаминӣ бо дарозии 480 метр бунёд шудааст.
Ҳамчунин дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 10 июли соли 2020 роҳи болоӣ (эстакада) ифтитоҳ гардида буд, ки он бо ибтикори бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истифода дода шудааст.
Эстакадаи мазкур дар доираи амалишавии лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе — Турсунзода, қитъаи роҳ аз буриши хиёбони Сино бо хиёбони Исмоили Сомонӣ то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе» бунёд шудааст.
Дар доираи лоиҳа корҳои навсозии роҳ бо назардошти сохтмони чорроҳаи сесатҳа, сохтмони роҳ бо пул дар ду сатҳ аз ду тарафи хиёбони Нусратулло Махсум бо хиёбони Сино иҷро гардид.
Бояд тазаккур дод, ки дарозии роҳ аз буриши хиёбони Сино то дарвозаи ғарбии пойтахт 4,9 километрро ташкил медиҳад. Паҳноии роҳ ба 68 метр расонида шуда, то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе 8 хати ҳаракат дар роҳи асосӣ бунёд гардид. Дар ин баробар сохтмони 4 хати иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ низ сохта шуд, ки ин иқдом минбаъд рафтуои бемамониати тамоми навъи нақлиётро дар ин самт таъмин карда, тамбашавии мошинҳоро аз байн мебарад.
Дар доираи корҳои сохтмонӣ ҳамчунин навсозии системаи муҳандисии зеризаминӣ, аз ҷумла оби нӯшокӣ, гармидиҳӣ, хатҳои алоқа, газ, равшанидиҳии замонавӣ, хатсайри троллейбус, сабзазоркунии гулгашту роҳравҳо ва як қатор тадбирҳои дигар амалӣ карда шудаанд.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи сеқабата бо нишонаҳои роҳ ва хатандозиҳо танзим мегардад. Баробари анҷоми дигар корҳои сохтмонӣ дар доираи лоиҳаи эстакада ҳамчунин такядеворҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ бунёд шудааст.
Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ татбиқ шуд.
Ин чорроҳа низ аз 3 сатҳ, роҳи давродаврӣ иборат мебошад. Дар сатҳи сеюм аз самти шарқ ба ғарб пул бо дарозии 123 метр ва паҳноии 25 метр мегузарад.
Дар лоиҳаи сохтмони эстакада 5 роҳи зеризаминӣ низ бо дарозии умумии 236 метр барои роҳгузарон бунёд шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки босифат бунёд намудани роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»