Дар ҷамъбасти мусобиқаи футболи хурд дастаи «Хатлон-2» соҳиби Ҷоми ҲХДТ ва мукофот гардид
ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти Ҷоми ҲХДТ ҷамъбаст гардид. Дар он дастаи «Хатлон-2» (минтақаи Кӯлоб) барои сазовор гардидан ба ҷойи якуми мусобиқа бо Ҷоми ҲХДТ, диплом, медал ва маблағи 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.
Ҳамзамон ба дастаи «Хатлон-1» (минтақаи Бохтар) барои сазовор гардидан ба ҷойи дуюм Ҷом, диплом, медал ва маблағи 7 000 сомонӣ ва ба дастаи футболи вилояти Суғд барои ба даст овардани ҷойи сеюм Ҷом, медал, диплом ва маблағи 5 000 сомонӣ тақдим гардида, ба дастаҳои ВМКБ, «Душанбе-1», «Душанбе-2», Рашт ва Шаҳринав барои иштироки фаъолона диплом ва Ҷом туҳфа карда шуд.
Мавриди зикр аст, ки КИМ ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурдро миёни дастаҳои ғайрикасбии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои дарёфти Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.
Дар се марҳилаи интихобӣ, ки дар сатҳи деҳаҳо, маҳаллаҳои аҳолинишин, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баргузор гардид, аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа оммавияти футбол таъмин гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ 8 дастаи беҳтарин, ки ғолибони марҳилаи сеюми интихобӣ мебошанд, роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки даври ҷумҳуриявии мусобиқа аз 2 то 4 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Тибқи қуръапартоӣ, дастаҳо ба ду гурӯҳ тақим шуда, рақобат анҷом доданд.
Ҳамин тариқ, барои ба даст овардани ҷойи сеюм дастаи футболи ВМКБ бо дастаи футболи вилояти Суғд рақобат намуданд, ки дар натиҷа дастаи вилояти Суғд бо ҳисоби 4:3 пирӯз шуд.
Барои ба даст овардани мақоми ифтихорӣ ва шарафёб гардидан ба Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастаи «Хатлон-1» (минтақаи Бохтар) ва «Хатлон-2» (минтақаи Кӯлоб) бо ҳам дидор анҷом доданд, ки дастаи футболбозони «Хатлон-2» (минтақаи Кӯлоб) ҳарифи пурқуввати худро бо ҳисоби 4:3 мағлуб намуда, сазовори ҷойи якум гардид.


Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, собиқадорони варзиши мамлакат ва устодони варзиш ширкат намуданд.
Зикр шуд, ки рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Бо назардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мешавад, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муассири тарбия ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, варзишгаронро, ки бо иштироки фаъолона соҳиби ҷоизаҳои олимпӣ ва байналмилалӣ мегарданд, дастгирӣ ва барои ҷалби сармоияи иловагӣ бо мақсади бунёди толору майдончаҳои варзишӣ талош мекунад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҷавонон тавассути оммавигардонии варзиш таблиғи тарзи ҳаёти солим, омода намудани варзишгарони касбӣ, аз ҷумла, ҳама навъҳои варзишҳои олимпӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода мебарад ва ба ҷалби ҳарчи бештарин ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати аввалиндараҷа медиҳад ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ мемонад.
АКСҲО: КИМ ҲХДТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






