Дар Душанбе ҷаласаи Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид

Октябрь 2, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории доимамалкунанда доир ба ҷалби сармояи хориҷӣ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, аъзои Гурӯҳи корӣ ва сармоягузорони дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳои гурӯҳи корӣ, мундариҷаи «Роҳнамои сармоягузорон», бознигарии шакли шиносномаҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва мушкилоти сармоягузорони дохилӣ ва хориҷии муқими Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 2, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд