Дар Душанбе беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳои ИДМ намоиш дода мешаванд

Октябрь 6, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 6.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 8-9 октябр дар Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар соли 2021 намоиш-озмуни байналмилалӣ таҳти унвони «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва Форуми меъморони Тоҷикистон баргузор мегарданд, иттилоъ доданд аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи нахустини баргузории форум дар саҳни Театри опера ва балет намоиш-озмуни IX ҷумҳуриявии «Беҳтарин асарҳои меъморӣ» ва  намоиш-озмуни XXIX «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозии давлатҳо-аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» доир мегарданд. Инчунин дар назар аст, ки дар ин рӯз доир ба мавзӯъҳои «Соли 2021- соли меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ва «Дурнамои роҳҳои эҷод ва рушди меъморӣ» конференсия доир гардад.

9 октябр иштирокчиён доир ба мавзӯъҳои «Дастовардҳои соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ  дар 30 соли истиқлолият ва рушди минбаъдаи соҳа», «Инноватсия дар омодасозии кадрҳои соҳаи меъморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза намуда, ҳамзамон ба беҳтарин асарҳои меъмории пешниҳодгардида ҷоиза дода мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 6, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад