Дар Душанбе Фестивали IV филмҳои фаронсавӣ доир мегардад

Октябрь 24, 2021 09:17

ДУШАНБЕ, 24.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 5 ноябр Фестивали чаҳоруми филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе доир мегардад. Дар он филмҳои бадеӣ, мустанад, аниматсионӣ, мазҳакавӣ ва драмавии муосир бо субтитрҳои русӣ ба забони фаронсавӣ намоиш дода шуда, тамошои филмҳо ройгон аст. Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» дар Маркази фарҳангии «Бохтар» иттилоъ доданд.

Созмондиҳандагони  фестивал  Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангии «Бохтар» мебошанд.

Фестивали филмҳои фаронсавӣ дар Душанбе  1 ноябр бо филми «Comme un Lion» («Мисли шер») , ки  1 соату 42 дақиқаро дарбар мегирад, оғоз мегардад. Филм ба ҳаёти писарчаи 15-сола бо номи Митри  бахшида шудааст

Ӯ  дар деҳаи Сенегал зиндагӣ мекунад. Мисли ҳама ҷавонони ҳамсолаш  орзуи дар дастаҳои футболи «Барса» ва «Челси» бозӣ кардан  дорад.  Аммо барои қабул шудан ба  богоҳҳои  бузурги Аврупо маблағ пардохт кардан лозим.  Барои ба ӯ кумак намудан волидайнаш мехоҳанд саҳм гузоранд ва қарздор мешаванд. Митри бе ягон танга мемонад ва аз шарм ба деҳаашон  баргаштанро тасаввур кардан намехоҳад. Ҳамин тавр саргардониҳои ӯ оғоз меёбанд. Орзуи  деринаи  ӯ дар бораи футбол дар як вохӯрии ғайричашмдошт дубора эҳё мешавад.

Сешанбе, 2 ноябр филми «Felicitа»  («Хушбахтӣ»)- и Бруно Мерле    ба намоиш гузошта мешавад. Филм дар бораи як оилаи ғайримуқаррарист. Ҳамсарон бо Томми, як духтари навраси саркаш зиндагӣ мекунанд…

Дар намоишҳои минбаъда фестивал шуморо ба тамошои дигар филмҳои бадеӣ, чун «Les Contes de la Nuit» («Афсонаҳои шабона») филми тасвирии шоиронае аз устоди аниматсия Мишел Осело, «A la recherche des femmes chefs» («Дар ҷустуҷӯи занони ошпаз»), филми «Jusquа la garde» («Ҳимояи фарзанд»), драмаи муосире, ки бо асрори муносибатҳои як оилаи фаронсавӣ ошно месозад, даъват менамояд.

Бояд гуфт, ки имсол пахши филмҳо бори аввал дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд низ сурат мегирад.

АКС: Маркази фарҳангии «Бохтар»

Октябрь 24, 2021 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад
Нахустнамоиши филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор шуд
«ДОСТОНИ ДУШАНБЕ». Китоби нави Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
Дар Файзобод нимпайкараи шоири муосири тоҷик Бозор Собир гузошта шуд
Беҳтарин асарҳои назмию насрӣ дар соли 2026 муайян мегарданд
«ДАР ЧЕҲРААШ НУРИ ХУДО ДОРАД». Таҳти ин унвон бахшида ба Рӯзи Президент намоиши асарҳо баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ ва намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар баргузор мегардад
Дар кинотеатри «Ватан» нахустнамоиши филми муштараки «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» баргузор мешавад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид