Дар Душанбе мусобиқаи «Пӯшидашавии мавсими мототсиклронӣ-2021» баргузор мешавад

Октябрь 11, 2021 09:12

 ДУШАНБЕ, 11.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи «Пӯшидашавии мавсими мототсиклронӣ-2021» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 8 октябр ба тасвиб расидааст, хабар  доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Мусобиқаи мазкур аз ҷониби клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» 16 октябр аз соати 12:00 то соати 14:00  баргузор гардида, мақсад аз он дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ин рӯз ҳаракати қатораи иштирокчиён бо роҳнамоии автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро — Турсунзода, гардиш ба тарафи рост — кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.

АКС аз бойгонӣ

Октябрь 11, 2021 09:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Дар шаҳри Душанбе Ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд