Дар Душанбе мусобиқаи «Пӯшидашавии мавсими мототсиклронӣ-2021» баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 11.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи «Пӯшидашавии мавсими мототсиклронӣ-2021» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 8 октябр ба тасвиб расидааст, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Мусобиқаи мазкур аз ҷониби клуби мототсиклронҳои «Ирбис МСС Тоҷикистон» 16 октябр аз соати 12:00 то соати 14:00 баргузор гардида, мақсад аз он дастгирӣ намудани ташаббуси ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар ин рӯз ҳаракати қатораи иштирокчиён бо роҳнамоии автомобилҳои роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Карамов — хиёбони Рӯдакӣ, гардиш ба тарафи рост то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ — кӯчаи Бухоро, гардиш ба кӯчаи Бухоро — Турсунзода, гардиш ба тарафи рост — кӯчаи Шоҳтемур, ҳаракат то роҳи ҳалқавии гардиши Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон» ва баромад ба кӯчаи Дӯстии халқҳо то Муассисаи давлатии «Боғи «Ғалаба» ва нигоҳдории ҷангал»-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ монда мешавад.
АКС аз бойгонӣ








Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






