Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон ҳамоиш сурат гирифт

Октябрь 6, 2021 16:30

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамоиши мазкур бо иштироки доираи васеи намояндагони вазорату идораҳо,  муовинону мудирони раёсат, шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир карда шуд.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Ҳилолбӣ Қурбонзода зимни ҳамоиш оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ҷиҳати фаъолгардонии нақши занон,  татбиқи принсипи баробарии ҳуқуқу озодиҳои мардону занон ва фароҳам овардани имконияти баробар барои амалисозии он, таъмини намояндагии баробари мардон ва занон дар соҳаҳои мухталифи фаъолият, пешгирӣ ва аз байн бурдани зӯроварӣ нисбат ба занон, ки ҳадафи асосии Стратегияро муайян менамоянд, изҳори назар намуд.

Ҳамзамон мавсуф аз иштирокдорони ҳамоиш  тақозо намуд, ки барои дар амал татбиқ намудани ин  стратегия кӯшиш намоянд.

АКС: Кумитаи кор бо  занон ва оила

Октябрь 6, 2021 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид