Дар Ҳисор беҳтарин донандагони Кодекси андоз ғолиби озмуни шаҳрӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҳисор озмуни шаҳрии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» ҷамъбаст гардида, 17 нафар ғолибон бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, туҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.
Аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки озмуни шаҳрии «Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа» дар асоси фармоиши Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи қарори Раиси шаҳри Ҳисор бо мақсади тақвияти маданияти андозсупорандагон гузаронида шуд.
Озмун аз рӯи номинаҳои «Андоз аз нигоҳи наврасон», «Расми беҳтарин», «Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардида, дар он шумораи зиёди кормандони нозироти андоз, соҳибкорон, донишҷўёни литсею коллеҷҳо ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи асосӣ ва умумӣ иштирок намуданд.
Акс аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.








Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад






