Дар Кӯлоб хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 октябр дар шаҳри Кӯлоб Конфронси IX байналмилалии илмӣ дар мавзӯи «Хусусиятҳои экологии гуногунии биологӣ» баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) хабар медиҳад.
Конфронс бо ташаббуси АМИТ, шуъбаи биологии АМИТ, Мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Кӯлоб, Маркази илмии «Хатлон»-и АМИТ, Боғи ботаникии Кӯлоб ба номи Тилло Бобоев, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва ташкилоти байналмилалии «Флора ва Фауна Интернэшнл» дар Тоҷикистон гузаронида шуд.
Мақсади баргузории конфронс — ин таҳлили масъалаҳои хусусияти экологии гуногунии биологӣ, истифодаи самараноки захираҳои биологии набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ва мутобиқкунонии гуногунии организмҳои зинда ба тағйирёбии иқлим дар оянда ба шумор мерафт.
Дар конфронс беш аз 200 нафар иштирокчиён аз муассисаҳои илмии АМИТ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Институти биологии Помир ба номи Х. Юсуфбекови АМИТ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ва дигар муассисаҳои илмии соҳавӣ ва донишгоҳҳои олии Тоҷикистон, Институти умумиросиягии растанипарварии (ИУР) ба номи Н.И. Вавилов (Русия), Донишгоҳи аграрии Самарқанд (Узбекистон), инчунин донишҷӯён, магистрҳо ва аспирантҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ширкат варзиданд.
Дар рӯзномаи конфронс масъалаҳои илмӣ, аз қабили хусусияти экологии гуногунии наботот, хусусияти экологии гуногунии ҳайвонот, экосистемаҳо ва маҳсулнокии биологии онҳо дар шароити тағйирёбии иқлим, гуногунии агробиологӣ, бехатарии биологӣ ва хӯрокӣ, ҳифзи намудҳои нодири набототу ҳайвоноти маҳвшаванда ва истифодаи устувор ва идоракунии захираҳои биологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои охир дар ҷумҳурӣ механизми биологии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим омӯхта шуда, таҳқиқоти зарурӣ доир ба омӯзиши хусусияти экологии гуногунии биологӣ дар шароити минтақаҳои агроэкологӣ ва дар аксар мавзеъҳо таъсири баланди антропогенӣ бо аз байн рафтани намунаҳои арзишманди набототу ҳайвоноти Тоҷикистон ба назар мерасад. Ҳамаи ин таҳаввулот аз олимони тоҷик ҳалли масъалаҳои истифодаи усулҳои инноватсионии навро дар ҷараёни ба даст овардани генотипҳои устувори навъҳои зироати кишоварзӣ ба таъсири омилҳои стрессӣ дар шароити тағйиёбии иқлим тақозо менамояд.
Дар фарҷоми конфронс қарорҳои дахдор қабул гардиданд.
АКС аз АМИТ








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






