Дар Кобул таркиши навбатӣ рух дод

Октябрь 21, 2021 12:45

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Рӯзи чоршанбе дар Кобул таркиши шадид рух дод. Тавре АМИТ «Ховар» менависад, дар ин бора дирӯз шабакаи 1TV бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, таркиш дар минтақаи Деҳмазанг, дар рӯ ба рӯи бинои ситоди полиси сарҳадӣ рух додааст. Шахси номаълум ба мошини раҳгузар, ки ба ҷангиёни ҳаракати радикалии «Толибон»* тааллуқ дошт, норинҷак партофт.

Сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон Қорӣ Саид Хостӣ, ки аз ҷониби толибон таъйин шудааст, маълумот дар бораи ин ҳодисаро тасдиқ кард ва аз захмӣ шудани ду ҷангии “Аморати Исломии Афғонистон” (номи давлате, ки тундгароҳо истифода мебаранд), хабар дод.

_____________________

* «Толибон» — ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон мамнуъ аст

                                                           АКС аз манбаъҳои боз

Октябрь 21, 2021 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд