Ду зодаи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии озмуни зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» роҳ ёфтанд

Октябрь 4, 2021 13:56

ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду зодаи Тоҷикистон — Нуринисо Абдулмаиноваи 27-сола ва Рухшона Маҳкамоваи 25-сола ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дар озмуни зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» шомил гардиданд. Ҳардуи онҳо дар Москва зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Дар сомонаи https://miss.fmr-online.ru/ 1 октябр овоздиҳӣ барои унвони «Зебосанами интихобнамудаи тамошобинон» оғоз ёфт: дар ин ҷо  метавон ба яке аз 10 иштирокчӣ овоз дод.

Озмуни байналмилалии зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» бори аввал баргузор мешавад. Ҳадафи озмун шинос кардани тамошобинон бо ҷинси латифи миллатҳои гуногуне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд, анъана ва урфу одатҳои миллии онҳо, густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни халқҳо, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ мебошад.

Маросими ниҳоӣ 9 октябри соли 2021 дар шаҳри Москва (Президент-Отел) баргузор мешавад.

Октябрь 4, 2021 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАМАКДОНИ МИЛЛАТ КАФИ ДАСТИ ӮСТ!». Таҳти чунин унвон китоби Давлат Сафар рӯнамоӣ гардид
ЗАБОН ВА 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Барои Сарвазири Тотористон ва ҳамроҳонаш сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Вазирони корҳои дохилии ИДМ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид