Ду зодаи Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии озмуни зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» роҳ ёфтанд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ду зодаи Тоҷикистон — Нуринисо Абдулмаиноваи 27-сола ва Рухшона Маҳкамоваи 25-сола ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дар озмуни зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» шомил гардиданд. Ҳардуи онҳо дар Москва зиндагӣ, таҳсил ва кор мекунанд. Дар сомонаи https://miss.fmr-online.ru/ 1 октябр овоздиҳӣ барои унвони «Зебосанами интихобнамудаи тамошобинон» оғоз ёфт: дар ин ҷо метавон ба яке аз 10 иштирокчӣ овоз дод.
Озмуни байналмилалии зебоии «Зебосанами Федератсияи муҳоҷирони Русия» бори аввал баргузор мешавад. Ҳадафи озмун шинос кардани тамошобинон бо ҷинси латифи миллатҳои гуногуне, ки дар қаламрави Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд, анъана ва урфу одатҳои миллии онҳо, густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни халқҳо, таҳкими муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ мебошад.
Маросими ниҳоӣ 9 октябри соли 2021 дар шаҳри Москва (Президент-Отел) баргузор мешавад.









Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид






