ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ ГУЛРЕЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Октябрь 7, 2021 09:49

ДУШАНБЕ, 7.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар  тадбирҳои ба  «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ,  шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро гулрезу гулпӯш мегардонем, балки ба рушди эҳсоси зебоипарастии аҳли ҷомеа ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ саҳм мегузорем, ба насли наврасу ҷавони мамлакат дӯст доштани табиати шаҳру деҳот, маҳалли зист ва сарзамини худро меомӯзонем. Чунин омадааст дар Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои телевизион ва радиои пойтахт садо медиҳад.

Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.

Бояд гуфт, ки ниҳолшинониву гулшинонӣ  аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.

Ва, бешак, имрӯз пойтахти давлати мо-шаҳри Душанбе дар назари аввал ба бӯстони пургуле шабоҳат дорад, ки диққати ҳар бинандаро  ба худ ҷалб менамояд. Моро зарур аст, ки ба ин бӯстон гулу гулбутта ва ниҳолони нав афзуда, онро ба шаҳри зебоманзару сабзпӯш табдил диҳем.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2021 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ». Дар Душанбе Рӯзи модарро ботантана таҷлил намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Маросими қадршиносии беҳтаринҳо дар соҳаҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе баргузор гардид
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ МУҲАББАТ. Дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши идонаи фарҳангӣ – фароғатӣ доир шуд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Душанбе ва Боку тақвият меёбад
«ЗАН-МОДАР — ПАЙВАНДГАРИ НАСЛҲО». Дар Душанбе ҳамоиши маърифатӣ — фарҳангӣ доир гардид
«БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ!». Дар Душанбе Фестивали дӯстии афсарону сарбозон доир гардид
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
Дар Душанбе ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ баргузор гардид
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд