Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр, соати 10:00, дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми ҳафтуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар доданд аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Форуми мазкур дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки форуми мазкур шурӯъ аз соли 2015 бо ташаббуси бевоситаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола доир мегардад.
Имсол дар Форум беш аз 300 нафар намояндагони мақомоти марбута иштирок менамоянд.
АКС аз сомонаи Вазорати адлия








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






