ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ФАРБЕҲӢ. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул гардидааст
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз фарбеҳӣ яке аз мушкилоти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар ҷаҳон 650 миллион нафар калонсолони аз 18-сола боло ва зиёда аз 120 миллион нафар кӯдакони фарбеҳ ҳастанд. Фарбеҳӣ яке аз омилҳои асосии хавф барои фавт мебошад. Тақрибан 3 миллион нафар ҳар сол бар асари вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ мемиранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2025 дар саросари ҷаҳон 2,7 миллиард нафар калонсолон аз вазни зиёд ва фарбеҳӣ азият мекашанд.
Фарбеҳӣ ба рушди бисёр бемориҳо, аз ҷумла диабети қанди намуди II, бемориҳои дил, гипертония, бемориҳои музмини гурда ва баъзе намудҳои саратон мусоидат мекунад. Инчунин ҳангоми пандемия маълум шуд, ки нафарони фарбеҳ хатари вазнин гузаронидани коронавирусро доранд.
Дар ҷаҳон паҳншавии фарбеҳӣ дар кӯдакон ва наврасон низ меафзояд: дар кишварҳои пешрафта наврасон то 25% вазни зиёдатӣ ва 15% фарбеҳӣ доранд. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст. Пеш аз қабули онмасъалаи вазни зиёдатии шаҳрвандон дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ гардид.
Тибқи маълумоти пажӯҳиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2019 нашр шуда буд, 17% аҳолии Тоҷикистон вазни зиёдатӣ ва 11,3% фарбеҳӣ доранд. Илова бар ин, қариб дар 5% кӯдакони синни мактабӣ фарбеҳӣ мушоҳида шудааст. Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иброз медорад, ки аксар вақт сокинони мамлакат хӯроки зиёд -2617 килокалорияро як узви хонавода истеъмол мекунад, ки ин аз меъёри тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёд мебошад.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки сокинони мамлакат маҳсулоти орд ва шириниҳоро аз ҳад зиёд истеъмол менамоянд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, маҳсулоти нон дар солҳои гуногун дар ғизои тоҷикон аз 36,5% (2012) то 28% -ро ташкил медод. Хусусан занони хонанишин аз вазни зиёдатӣ осебпазиранд: имрӯз беш аз 7% занони синни қобили таваллуд дар Тоҷикистон фарбеҳанд ва то 42% вазни зиёдатӣ доранд. Рӯзноманигорон зикр мекунанд, ки модарони кӯдакони болиғ дар Тоҷикистон аксар вақт аз кори рӯзмарра озод мешаванд, зеро ҳама корҳои хонаро келинҳо ё духтарони қадрас анҷом медиҳанд. Ва дар натиҷа, набудани фаъолияти ҷисмонӣ ва хӯрдани миқдори зиёди хӯроки дороиоҳар боиси вазни зиёд ва фарбеҳӣ мегардад.
АКСҲО аз манбаъҳои боз









ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






