ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ФАРБЕҲӢ. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул гардидааст

Октябрь 11, 2021 10:48

ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз фарбеҳӣ яке аз мушкилоти ҷаҳон маҳсуб мешавад. Мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), дар ҷаҳон 650 миллион нафар калонсолони аз 18-сола боло ва зиёда аз 120 миллион нафар кӯдакони фарбеҳ ҳастанд. Фарбеҳӣ яке аз омилҳои асосии хавф барои фавт мебошад. Тақрибан 3 миллион нафар ҳар сол бар асари вазни зиёдатӣ ё фарбеҳӣ мемиранд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2025 дар саросари ҷаҳон 2,7 миллиард нафар калонсолон аз вазни зиёд ва фарбеҳӣ азият мекашанд.

 Фарбеҳӣ ба рушди бисёр бемориҳо, аз ҷумла диабети қанди намуди II, бемориҳои дил, гипертония, бемориҳои музмини гурда ва баъзе намудҳои саратон мусоидат мекунад. Инчунин ҳангоми пандемия маълум шуд, ки нафарони фарбеҳ хатари вазнин гузаронидани  коронавирусро доранд.

 Дар ҷаҳон паҳншавии фарбеҳӣ дар кӯдакон ва наврасон низ меафзояд: дар кишварҳои пешрафта наврасон то 25% вазни зиёдатӣ ва 15% фарбеҳӣ доранд. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст. Пеш аз қабули онмасъалаи вазни зиёдатии шаҳрвандон дар ҷаласаи ҳукумат баррасӣ гардид.

Тибқи маълумоти пажӯҳиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2019 нашр шуда буд, 17% аҳолии Тоҷикистон вазни зиёдатӣ ва 11,3% фарбеҳӣ доранд. Илова бар ин, қариб дар 5% кӯдакони синни мактабӣ фарбеҳӣ мушоҳида шудааст. Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон иброз медорад, ки аксар вақт сокинони мамлакат хӯроки зиёд -2617 килокалорияро як узви хонавода истеъмол мекунад, ки ин аз меъёри тавсиякардаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ зиёд мебошад.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки сокинони мамлакат маҳсулоти орд ва шириниҳоро аз ҳад зиёд истеъмол менамоянд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, маҳсулоти нон дар солҳои гуногун дар ғизои тоҷикон аз 36,5% (2012) то 28% -ро ташкил медод. Хусусан занони хонанишин аз вазни зиёдатӣ осебпазиранд: имрӯз беш аз 7% занони синни қобили таваллуд дар Тоҷикистон фарбеҳанд ва то 42% вазни зиёдатӣ доранд. Рӯзноманигорон зикр мекунанд, ки модарони кӯдакони болиғ дар Тоҷикистон аксар вақт аз кори рӯзмарра озод мешаванд, зеро ҳама корҳои хонаро келинҳо ё духтарони қадрас анҷом медиҳанд. Ва дар натиҷа, набудани фаъолияти ҷисмонӣ ва хӯрдани миқдори зиёди хӯроки дороиоҳар боиси вазни зиёд ва фарбеҳӣ мегардад.

                                                                          АКСҲО аз манбаъҳои боз

Октябрь 11, 2021 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
«ФАЙЗУ ОБОДИВУ СЕРӢ РӮИ ХОН ОМАД, МЕҲРГОН ОМАД!..». Илҳоми Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз меҳрафшонию фаровонии ин иди қадимаи ниёгон
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта нашуд
Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ду ҳолати нави гирифторшавӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таҳдиди ҷиддӣ ба кишварҳои ИДМ аз сӯи Афғонистон ҳушдор доданд
Коршиноси АМИТ «Ховар» Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро кафилони амнияти Авруосиё арзёбӣ намуд
МУАРРИФИИ МУВАФФАҚОНА. Андешаҳои Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ роҷеъ ба сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аврупо
«МЕХОҲАМ МАВҚЕИ УСТУВОРИ ШУМОРО ЗИКР НАМОЯМ …». Эммануэл Макрон аз муносиботи котеъонаи Президенти Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ҳифзи ҳуқуқи занон истиқбол кард
«ТОҶИКИСТОН ЧОРРОҲАИ ВОҚЕИИ ТАМАДДУН АСТ». Президенти Фаронса Эммануэл Макрон намоишгоҳи археологии кишвари моро дар Париж чунин ҳамин гуна шарҳ дод ва онро «ҳайратангез» номид
Эммануэл Макрон дар саҳифаи Facebook таассуроташро пас аз боздиди Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт
14 октябр — Рӯзи байналмилалии биноӣ. Ҳар шахс бояд дар як сол на камтар аз ду-се маротиба аз ташхиси духтури чашм гузарад
Sputnik: Аврупо ба таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон машғул мешавад