«Истиқлол» дар бозии марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 дастаи «Файзканд»-и Восеъро мағлуб намуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бозии мавқуфмондаи марҳилаи ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021-ро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор карданд. Дар ин вохӯрии ҷолиб дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби калони 5:0 дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъро мағуб намуд, иттилоъ дод шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Голҳои дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо дар ин сабқати ҷолиб Салам Ашурмамадов, 2 (1:0). Артур Боугнон, 31 – (2:0). Алексей Ларин, 59 (3:0). Андрей Мишенко, 66 (4:0) ва Шервонӣ Маҳбатшоев, 72 (5:0) ба нишон расониданд.
Чанд рӯз пеш бозиҳои даври 22-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардида буданд. Дар ин давр дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Душанбе»-и шаҳри Душанбе, «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан, «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд миёни ҳам рақобат карданд.
Пас аз натиҷагирии 22 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Истиқлол пешсаф аст. Ин даста дар ихтиёр 55 хол дорад. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо 13 хол камтар (42) дар ҷои дуюм аст. КМВА, ки холҳояш ба 36 расидааст, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 22 | 17 | 4 | 1 | 62-7 | 55 |
| 2 | «Хуҷанд» (Хуҷанд) | 21 | 13 | 3 | 5 | 43-21 | 42 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 22 | 10 | 6 | 6 | 33-26 | 36 |
| 4 | «Истаравшан» (Истаравшан) | 22 | 9 | 5 | 8 | 24-22 | 32 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 22 | 8 | 5 | 9 | 23-27 | 29 |
| 6 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 22 | 8 | 3 | 11 | 29-40 | 27 |
| 7 | «Равшан» (Кӯлоб) | 22 | 6 | 8 | 8 | 22-26 | 26 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 15-29 | 20 |
| 9 | «Кӯктош»(Рӯдакӣ) | 22 | 5 | 5 | 12 | 31-50 | 20 |
| 10 | «Душанбе» (Душанбе) | 22 | 4 | 6 | 12 | 21-50 | 18 |
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






