КАМОНВАРӢ. Беҳтарин тирандозони Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ барои ҷоизаҳои Зебинисо Рустамова муайян шуданд

Октябрь 12, 2021 13:45

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8-10 октябр дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявии Тоҷикистон оид ба камонварӣ барои дарёфти ҷоизаҳои дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал-1976 Зебинисо Рустамова баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 38 варзишгар аз шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон ширкат карданд.

Мусобиқа миёни мардҳо, бонувон, ҷуфти омехта ва даставӣ дар ду масофа баргузор шуд.

Ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба камонварӣ барои ҷоизаҳои Зебинисо Рустамова:

70 метр

Бонувон

  1. Мадина РАҶАБОВА (Душанбе)
  2. Мавзуна АЗИМОВА (Суғд)
  3. Фирӯза ЗУБАЙДОВА (Душанбе)

Мардҳо

  1. Умедҷон РАҲМОНОВ (Душанбе)
  2. Келдиёр ҲАСАНОВ (Фарғона)
  3. Зокирҷон ҒАФУРОВ (Фарғона)

Ҷуфти омехта

  1. Гулмира УРУНБОЕВА / Зокирҷон ҒАФУРОВ (Фарғона)
  2. Муниса ЛУТФУЛЛОЕВА / Келдиёр ҲАСАНОВ (Фарғона)
  3. Фирӯза ЗУБАЙДОВА / Умедҷон РАҲМОНОВ (Душанбе)

Даставӣ, бонувон

  1. Душанбе (Мадина РАҶАБОВА, Фирӯза ЗУБАЙДОВА, Зуҳро ТАҒОЕВА)
  2. Фарғона (Гулмира УРУНБОЕВА, Зебо МУҲИТДИНОВА, Муниса ЛУТФУЛЛОЕВА)
  3. Суғд (Мавзуна АЗИМОВА, Умедаҷон ҶӮРАЕВА)

60 метр, ҷавонон

Бонувон

  1. Заронаи ФИРӮЗ (Душанбе)
  2. Азиза КАНТАЕВА (Душанбе)
  3. Дилноза АҲМАДОВА (Душанбе)

Мардҳо

  1. Сафарбек МАҲМАДУЛЛОЗОДА (Душанбе)
  2. Абдумалик ҒАНИЕВ (Суғд)
  3. Муҳаммадазим РАУПОВ (Суғд)

Ҷуфти омехта

  1. Заронаи ФИРӮЗ / Сафарбек МАҲМАДАЛИЗОДА (Душанбе)
  2. Азиза КАНТАЕВА / Абубакр ТӮРАЕВ (Душанбе)
  3. Мадина РОЗИҚОВА / Шаҳром ОРИПОВ (Душанбе)

Даставӣ, мардҳо

  1. Душанбе (Сафарбек МАҲМАДУЛЛОЗОДА, Мустафо МИРЗОХОҶАЕВ, Абубакр ТӮРАЕВ)
  2. Суғд (Муҳаммадазим РАУПОВ, Абдумалик ҒАНИЕВ, Исломҷон САЛИМОВ)
  3. Суғд (Дилшоди БАХТИЁР, Мансурхоҷа МАМАДХУҶАЕВ, Даврас ҚУРБОНОВ)

Рустамова Зебинисо Сангиновна 29 январи соли 1955 таваллуд шудааст. Устоди шоистаи варзиши ИҶШС (1984) ва Мураббии шоистаи варзиши Тоҷикистон мебошад.

Барандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монтреал-1976, 4 карат чемпиони ҷаҳон дар ҳайати инфиродӣ ва даставӣ, 3 карат чемпиони Аврупо, барандаи медали нуқраи Бозиҳои «Дӯстӣ” дар соли 1984, чемпиони понздаҳкаратаи ИҶШС, рекордгузори чандинкаратаи ҷаҳон, Аврупо, ИҶШС.

Варзишгари барҷастаи Тоҷикистон дар асри 20 эътироф шуда, бо ордени “Нишони фахрӣ”, медалҳои “Барои меҳнати шоиста” ва “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” сарфароз гаштааст.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Октябрь 12, 2021 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд