Коршинос Ҳасан Асоев: «Таъсири ҳавои номусоид ба дарахтони навъҳои маҳаллӣ камтар мерасад»
ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, бинобар пешгӯии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 то 11 октябр дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид шуда, ҳарорат якбора паст мефарояд. Дар баъзе ноҳияҳо шамол дар як сония то 7-12 метр вазида, бориши борон дар водиҳою баландкӯҳҳо ба барф табдил меёбад.
“Агар ҳавои номусоид дар Тоҷикистон ду-се рӯз идома ёбад ва ё зуд гузарад, ба ҳосили ҷамъоваринашудаи зироат ва сабзавот хисороти зиёд намерасонад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки аз ин равандҳои табиӣ огоҳ бошем»,-гуфт коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба ҳавои номусоид ва таъсири он ба маҳсулоти кишоварзӣ.
Ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» дар мавриди он ки сардиҳои аввал метавонанд ба заминҳои кишоварзӣ ва ҳосили расида зарар расонанд, коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев посух дод, ки кишоварзони мамлакат бояд аз паст гардидани ҳарорати ҳаво ноумед нагарданд, зеро ҳарорати пасти ду ё серӯзаи ҳаво талафоти зиёд боқӣ намегузорад.
Ба гуфти Ҳасан Асоев, равандҳои тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир гардидаанд. Масъалаи асосӣ дар он ифода меёбад, ки то ҳол дар бораи равандҳои тағйирёбии иқлим нуқтаи назари ягонаи илмӣ дида намешавад.
«Як нуктаро бояд ба назар гирем, ки инсон дар табиат на шоҳ асту на гадо, балки ҷузъи табиат мебошад ва мувофиқи қонунҳои табиат зиндагӣ мекунад. Мақсади асосии бурдани тамоми тадқиқоти илмӣ, пеш аз ҳама, омӯзиши қонунияти табиат ва вобаста ба он зиндагӣ кардан мебошад», — гуфт ҳамсуҳбат.
Коршиноси масоили экологӣ чунин меҳисобад, ки агар зироат ва дарахтон бештар аз навъҳои маҳаллӣ бошанд, яъне дар ин минтақа инкишоф ёфта, пурра ба муҳити он созгор бошанд, таъсири ҳавои номусоид ба онҳо то андозае камтар мерасад. Аммо навъҳои воридгардида аз ин ҳавои номусоиду сард бештар зиён мебинанд.
Имрӯз тағйирёбии иқлим ва вазъи экологии дунё тамоми ҷамъиятро ба ташвиш овардааст.
Ба андешаи коршиносон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ осебпазир мебошад. Солҳои охир тағйирёбии иқлим, аз қабили вайроншавии реҷаи бориш, баландшавии ҳарорати ҳаво, коҳиши масоҳати пиряхҳо, зиёд шудани шумораи рӯзҳои гарм, кам шудани шумораи рӯзҳои хунук, тағйироти назарраси ҳаҷм ва муҳлати бориш ба мушоҳида мерасад.
Барои ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ дар соҳаи кишоварзӣ истифодаи гармхонаҳо барои парвариши зироати гуногун ва шинонидани навъҳои ба сармо ва хушкӣ тобовари дарахтони мевадиҳанда барои муҳофизати онҳо аз обу ҳавои ноустувор, инчунин бунёди паноҳгоҳҳо аз гармӣ ва сармо барои чорво тавсия дода мешавад.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 400 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ гардидааст
Дар Тоҷикистон дар беш аз 223 ҳазор гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида мешавад
Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
Соли 2027 дар Душанбе ҷаласаи 49-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин доир мегардад
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Нуробод бо иштироки муовини Сарвазир оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ҷаласа баргузор шуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир дар соҳаи саноат баррасӣ гардид






