Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Ассамблеяи парламентии CАҲА Маргарета Седерфелт мулоқот намуд

Октябрь 28, 2021 13:34

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо Маргарета Седерфелт ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки бо  сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Раиси Маҷлиси намояндагон иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассамблеяи парламентии созмонро яке аз институтҳои озмудашуда ва пуриқтидор дар низоми Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо медонад, ки аз соли 1990 то инҷониб 57 парламенти миллии кишварҳо ва зиёда аз 323 аъзои онро ба ҳам овардааст.

«Кишвари мо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро бузургтарин созмони минтақавӣ дар соҳаи бехатарӣ шуморида  ҳамкорӣ бо онро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон медонад.

Мо ба нақши эҳсосшавандаи ин созмон барои пешгирии муноқишаҳо, ҳалли буҳронҳо ва барқарорсозии баъдиҷангӣ, масъалаҳои экологӣ ва роҳандозии принсипҳои демократӣ баҳои баланд медиҳем. Мо Ассамблеяи парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупоро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ баҳри пешбурди дипломатияи парламентӣ мешуморем»,-гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Маҳмадтоир Зокирзода ҳамчунин таъкид намуд, ки «Тоҷикистон мутобиқ ба принсипҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷиҳати решакан кардани терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ хоҳони ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мавқеи кишвари мо дар ин масъала кушоду равшан низ ҳаст.

Имрӯз масъалаи амнияти минтақа ба ҳамагон маълум аст ва  дар доираи ҳамкории мутақобилан судманд бо Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар самти ҳифзи сарҳадоти давлатии Тоҷикистон, татбиқи Стратегияи миллии ҳифзи сарҳадоти мо, таҳкими ҳамкорӣ дар мавриди таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, масъалаҳои муҳити зист, рушди инсонӣ фаъолона ҳамкорӣ менамоем.

Албатта, имрӯз масоили Афғонистон дар сархати хабарҳои ҷаҳонӣ қарор дорад.

Мо мисли ҳамеша сидқан ҷонибдори истиқрори сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар кишвари дӯсту бародарамон Афғонистон мебошем.

Муътақидем, ки таъмини амнияту оромии Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва эҷоди шароити мусоид барои рушди осоиштаи ин кишвар вобастагӣ дорад. Тоҷикистон ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи неруҳои сиёсиву қавмии Афғонистон ҷиҳати таъмини субот ва барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистонро пешниҳод менамояд».

Маҳмадтоир Зокирзода роҷеъ ба ҳамкории байнипарлумонӣ ибрози назар намуда, таъкид намуд, ки баҳри пешбурди ҳамкории байнипарлумонӣ Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Риксдаги (Парламенти) Шоҳигарии Шветсия фаъолият менамояд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди муҳокима қарор доданд.

АКС: МН МО ҶТ

Октябрь 28, 2021 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқот намуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Рустами Эмомалӣ бо Президенти Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
1 сол пеш дар Душанбе ду иншооти муҳташам- бинои Парлумон ва Ҳукумати Тоҷикистон ба истифода дода шуд
Мавсума Муинӣ бо истеъдодҳои наврасу ҷавон вохӯрӣ доир намуд
Дар Душанбе масъалаи рушду таҳкими ҳамкории байнипарламентӣ байни Тоҷикистон ва Беларус баррасӣ гардид
Дар Душанбе таҳкими фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Тоҷикистону Олмон муҳокима гардид
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳайати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар иҷлосияи 32-юми солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок дорад
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши идона доир гардид
Ҳайати Маҷлиси намояндагон дар Форуми 20-уми СММ оид ба идоракунии интернет иштирок дорад
Ваҳдати миллӣ арзишмандтарин бозёфт дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик мебошад
Барно Саидвализода: «Ваҳдати миллӣ – ин неъмати бузургу кафолати зиндагии шоистаро пойдор нигоҳ бидорем»