Миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп «Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия»-ро ба имзо расониданд.
Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов аз шаҳри Анқара ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Протоколи мазкур омадааст, ки «тарафҳо ҳамкориро мутобиқи талаботи қонунгузории давлатҳои худ ба роҳ монда, дар доираи салоҳияти худ ба таҳкими робитаҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаҳои гуногуни ба ҳарду тараф судманд мусоидат хоҳанд кард».
Тарафҳо ҳамчунин ба таҳкими робитаҳои доимии байни кумитаю комиссияҳо, гурӯҳҳои вакилон, дастгоҳҳои тарафҳо мусоидат намуда, бо мақсади таҷрибаандӯзӣ дар таҳия ва қабули санадҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи фаъолияти парламентӣ табодули ҳайатҳои парламентиро ба роҳ мемонанд.
Зимни ба имзо расонидани Протоколи мазкур таъкид карда шуд, ки имрӯз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия ба рушди муносибатҳои анъанавии дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ миёни халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия аҳамияти махсус медиҳад. Дар робита ба ин барои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои созанда миёни мақомоти қонунгузории ҳарду кишвар «Протокол оид ба ҳамкории байнипарламентӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Бузурги миллии Туркия» ба имзо расонида шуд.
АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд






