Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ ва ифтитоҳи Варзишгоҳи марказӣ

Октябрь 28, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи якчанд иншооти маъмурию хизматрасонӣ ба ноҳияи Дӯстӣ ташриф оварданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи муваққатӣ роҳбарият ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дӯстӣ нахуст варзишгоҳи марказиро мавриди истифода қарор доданд.

Варзишгоҳи марказии ноҳияи Дӯстӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 3000 ҷойи нишаст бо маблағгузории Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Масоҳати умумии варзишгоҳ 8,64 гектарро ташкил дода, ин ҷо дар масоҳати зиёда аз шаш ҳазор метри мураббаъ корҳои сабзазоркунӣ  анҷом дода шудаанд.

Дар варзишгоҳ 4 сутунпояи калон ва дар  атрофи он 30  сутунпояи  чароғ насб гардида, ба намои варзишгоҳ аз лиҳози равшанӣ ҳусни бештар мебахшад.

Ҳамзамон дар атрофи варзишгоҳ ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки сокинон метавонанд аз ин зебоӣ ҳангоми сайру гашт  баҳра бардоранд.

Варзишгоҳ бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз майдони марказӣ, саҳнаи намоиш, мавзеи болопӯшида барои меҳмонон ва дар қисмати зери нишастгоҳҳо ҳуҷраҳои корӣ, аз ҷумла, ҳуҷраи нозир, доварон, ҳуҷраи техникӣ, либосивазкунӣ ва мураббиён бо тамоми шароити мусоид бунёд гардидааст.

Баъди ба истифода додани иншооти мазкур сокинони ноҳияи Дӯстӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллӣ имконият пайдо мекунанд, ки дилхоҳ чорабиниҳои фарҳангии сатҳи баланди худро дар ин варзишгоҳи навбунёд доир намоянд.

Инчунин дар варзишгоҳ шароити мусоид барои ҷавонону варзишгарони ноҳия дар самти ташкили тамринҳои ҳаррӯза, гузаронидани мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию вилоятӣ ва ташкили чорабиниҳои варзишӣ  фароҳам аст.

Оғози сафари корӣ дар ноҳияи Дӯстӣ ва ифтитоҳи Варзишгоҳи марказӣ 28.10.2021

Октябрь 28, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ВМКБ