Ҳоким Холиқзода ва Селим Эликдаг тавсеаи ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд

Октябрь 22, 2021 10:42

ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ ва Хазинаи байналмилалии Асъор /ХБА/ дар  мулоқоти маҷозии Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ва роҳбари нави ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Эликдаг баррасӣ шуд.

БМТ иттилоъ медиҳад, ки Ҳоқим Холиқзода бо қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории дуҷониба роҳбари нави ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдагро бо таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуд. Селим Элекдаг ба Раиси БМТ ҳавасмандии худро аз ҳамкории босамар ва барои ҳарду ҷониб манфиатбахш иброз дошт. Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода оид ба вазъи макроиқтисодии кишвар, хусусан рушди воқеии ММД, сатҳи таваррум, суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи бозори дохилии асъор ва дигар нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ маълумот дод.

Мусоҳибон вобаста ба иқдоми минбаъдаи БМТ дар ҳолати ба амал омадани хавфҳои эҳтимолии ғайричашмдошт, аз ҷумла пандемияи COVID-19, таъмини устувории сиёсати пулию қарзӣ дар вазъияти афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ, барномаи кумакҳои техникӣ оид ба танзими самараноки бозори асъор ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории БМТ ва ХБА ибрози назар намуданд.

Зикр шуд, ки   пандемияи COVID-19 бори дигар собит сохт, ки хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳамеша таҳдид менамоянд ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад дар муқобили он истодагарӣ намояд. Танҳо тадбирҳои саривақтӣ, нақшаи дақиқи коҳиши хатарҳо, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ метавонанд пайомадҳои хатарҳои эҳтимолиро коҳиш диҳанд.

 Акс аз БМТ

Октябрь 22, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4800 то 9.4900 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1000 то 11.1853 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4627 то 9.4800 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон оид ба риояи талаботи қонунҳои миллӣ ҳамоиш доир гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1210 то 0.1221 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4239 то 9.4700 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст