Ҳоким Холиқзода ва Селим Эликдаг тавсеаи ҳамкории минбаъдаро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими равобити дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак миёни Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ ва Хазинаи байналмилалии Асъор /ХБА/ дар мулоқоти маҷозии Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода ва роҳбари нави ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Эликдаг баррасӣ шуд.
БМТ иттилоъ медиҳад, ки Ҳоқим Холиқзода бо қаноатмандӣ аз сатҳи ҳамкории дуҷониба роҳбари нави ҳайати ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдагро бо таъйин шудан ба ин вазифаи пурмасъул табрик намуд. Селим Элекдаг ба Раиси БМТ ҳавасмандии худро аз ҳамкории босамар ва барои ҳарду ҷониб манфиатбахш иброз дошт. Раиси БМТ Ҳоким Холиқзода оид ба вазъи макроиқтисодии кишвар, хусусан рушди воқеии ММД, сатҳи таваррум, суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, вазъи бозори дохилии асъор ва дигар нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ маълумот дод.
Мусоҳибон вобаста ба иқдоми минбаъдаи БМТ дар ҳолати ба амал омадани хавфҳои эҳтимолии ғайричашмдошт, аз ҷумла пандемияи COVID-19, таъмини устувории сиёсати пулию қарзӣ дар вазъияти афзоиши нархҳои ҷаҳонӣ, барномаи кумакҳои техникӣ оид ба танзими самараноки бозори асъор ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҳамкории БМТ ва ХБА ибрози назар намуданд.
Зикр шуд, ки пандемияи COVID-19 бори дигар собит сохт, ки хатарҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон ҳамеша таҳдид менамоянд ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад дар муқобили он истодагарӣ намояд. Танҳо тадбирҳои саривақтӣ, нақшаи дақиқи коҳиши хатарҳо, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ метавонанд пайомадҳои хатарҳои эҳтимолиро коҳиш диҳанд.
Акс аз БМТ








«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
«Амонатбонк» барандаи ҷоизаи байналмилалии WSBI-ESBG SDG Awards 2026 гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3396 сомонӣ муқаррар шудааст
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
Ҷаласаи панелии соҳавии «Шарикии рушд: тасмимҳои бонкӣ ва суғуртавӣ барои ҷомеаи соҳибкорӣ» баргузор шуд
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид






