Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ховалинг мулоқот намуданд

Октябрь 3, 2021 18:18
ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот, шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Ховалинг ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат дар маркази ноҳия бо роҳбарону фаъолон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Нахуст Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи сокинони меҳмоннавоз ва заҳматдӯсти ноҳияи Ховалингро бо ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон — санаи барои ҳар як фарди ватандӯст азизу муқаддас, табрику таҳният гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар давоми сӣ соли соҳибистиқлолӣ бо талошҳои мардуми ноҳия ва пуштибонии амиқи онҳо аз сиёсати созандаи Ҳукумати кишвар симои ноҳияи Ховалинг куллан тағйир ёфта, ҳоло ба шаҳрчаи зебое табдил ёфтааст.

Зимни таҳлили соҳаҳои иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла маорифу тандурустӣ, таъкид шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва солимии аҳолӣ хеле корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Шумораи муассисаҳои таълимӣ имрӯз ба 52 расида, дар давоми сӣ соли охир бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 35 муассисаи таълимии нав бо 5425 ҷойи нишаст бунёду азнавсозӣ гардида, ба истифода дода шудааст. Ҳоло, илова бар ин, дар ноҳия як гимназияи давлатӣ, як литсей-интернат дар деҳоти Шугнов, 2 кӯдакистон ва дар назди шуъбаи маориф якчанд маркази рушди истеъдодҳо, омӯзиши технологияҳои иттилоотӣ ва таҳсилоти иловагӣ фаъолият доранд.

Дар аксари маҳаллаҳои аҳолинишин марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардида, қисме аз онҳо, ки дар хонаҳои шахсӣ ва биноҳои дар ҳолати садамавӣ қарордошта фаъолият мекарданд, пурра ба биноҳои нав кӯчонида шуданд.

Дар ноҳия, инчунин, 26 муассисаи фарҳангӣ, клубу китобхонаҳо ва қасри фарҳанг, ки соли 2013 ба истифода дода шуд, ба мардуми ноҳия хизмат мерасонад.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳияи Ховалинг кишоварзӣ ҳамчун соҳаи асосии пешбарандаи ҳаёти сокинон ба туфайли истифодаи самараноку оқилонаи замин, бунёди боғҳои нав, афзоиши ҳосили меваю сабзавот, рушди чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ сол ба сол тараққӣ карда истодааст.

Тибқи маълумот содироти меваи ноҳия ба хориҷи кишвар мунтазам афзуда, кишоварзон аз ин ҳисоб даромади хуб ба даст оварда истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ ба соҳибкорони бонангу номус ва дигар шахсони саховатпеша барои иқдомоти ватандӯстонаву ободгарона сипосу миннатдорӣ карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон таъкид доштанд, ки мардуми ноҳия ва соҳибкорони ватандӯст ба шукронаи давлати соҳибистиқлоли худ ва фазои орому осудаи Ватан ҷиҳати боз ҳам ободу пешрафта гардонидани диёри хеш ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардум саъю талоши бештар мекунанд.

Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гуруҳ сокинони ноҳия Моҳзода Мирзоева – табиб, Эркамо Каримова – собиқадор, хонандагон Зуҳро Иброҳимова ва Мунисаи Ҳамзалӣ баромад карда, ба роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзун изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ховалинг 03.10.2021

Октябрь 3, 2021 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ — 2026 иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалии 2026 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Барқияҳои табрикӣ ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад