Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод» ва истироҳатгоҳро дар деҳаи Вахши деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант мавриди истифода қарор доданд

Октябрь 27, 2021 18:05

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Хоҷагии моҳипарварии «Фалҳобод» ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакантро, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти мазкур аз ҷониби сокини ватандӯсти вилояти Хатлон Соҳибов Фатҳулло бо ҷонибдорӣ аз иқдомҳои шоиставу бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Дар иншооти мазкур 25 ҷои корӣ муҳайё карда шуда, сокинони шаҳри Левакант бо шуғли доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Хоҷагии моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ дар майдони 32 гектар замин таъсис ёфт. Аз масоҳати умумии хоҷагӣ дар 20 гектар ҳавзҳо барои парвариши 50 ҳазор моҳӣ ва дар 12 гектар истироҳатгоҳ бунёд гардидааст.

Дар ҳавзҳои алоҳида истироҳткунандагон метавонанд ба моҳидорӣ машғул шуда, вақти худро хуш гузаронанд.

Барои ободу дилкаш гардонидани ҳудуди истироҳатгоҳ дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои зебо шинонида шудааст.

Ҳудуди истироҳатгоҳ чароғон ва барои фароғати сокинон суҳбаткада ва нишастгоҳҳо васл гардидааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми Соҳибов Фатҳулло, ки ҳамеша барои ободии диёри хеш талош меварзад, баҳои арзанда дода, иқдоми ӯро шоистаи таҳсин хонданд.

Мавриди зикр аст, ки майдони замини ҳавзи моҳипарварӣ ва истироҳатгоҳ пештар сангзор буда, маҳз бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин санглох ба як макони тамошобоб, дилнишин ва назарррабо мубаддал гашт.
Ифтитоҳи Хоҷагии моҳипарварии “Фалҳобод” ва истироҳатгоҳ дар деҳаи Вахши деҳоти “Ваҳдат” -и шаҳри Левакант 27.10.2021

Октябрь 27, 2021 18:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон