Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази стоматологии вилояти Хатлонро дар шаҳри Бохтар ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Маркази стоматологии вилояти Хатлонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави дуошёна бо тарҳи муосир сохта шуда, дар таҳхонаи он ҳуҷраҳои ёрирасони табобати дандон ҷойгир карда шудаанд, ки барои беморон шароити муосири табобати дандон фароҳам оварда шудааст.
Дар асоси лоиҳа Маркази стоматологии вилояти Хатлон аз 4 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои муолиҷавӣ, ҷарроҳии кӯдакона ва ғайра иборат буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарини тиббии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи дунё муҷаҳҳаз гардонда шудааст.
Масоҳати умумии бинои навбунёд 960 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Барои ташхиси саривақтӣ, дақиқ ва зуд муайян намудани бемориҳои стоматологӣ, табобат, пармакунӣ, ҷарроҳии ҷоғ ва бо сифат сохтани дандон 15 таҷҳизоти нав харидорӣ карда шудааст.
Дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва васлу насб гардидааст, ки аз ин пас барои ташхису табобати саҳеҳ ва саривақтии беморон истифода мешаванд.
Фармоишгари бино Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон буда, он бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони имрӯза бунёд карда шудааст.
Маркази стоматологии вилояти Хатлон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба чашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сохта шуда, барои табибон имконоти созгори фаъолият ташкил гардид. Табибон бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир метавонанд ба сокинон хизмати босифати тиббӣ расонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир шумораи нафароне, ки аз бемориҳои дандон шикоят мекунанд, афзоиш ёфтааст ва бунёди маркази наву замонавӣ саривақтӣ мебошад.
Пас аз мавриди истифода қарор гирифтани Маркази стоматологӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар 50 нафар табиб, бахусус кадрҳои ҷавон бештар аз ҳисоби занон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.









Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд иншооти муҳими соҳаи энергетикаро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ифтитоҳ намуданд






