Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатиро дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳияи Фархор мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Октябрь 2, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Фархор дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия яке аз рамзҳои давлатдорӣ — Парчами давлатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Парчами давлатӣ дар масоҳати 20 садяк бо баландии 33 метр аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ЕврАзия” бунёд гардида, андозаи матои он 8 ба 14 метрро ташкил медиҳад. Атрофи иншоот бо гулу ниҳолҳои ҳамешасабзу орошӣ зебо гардонида шуда, ҳамчунин роҳрав ва сутунпояи он бо сангҳои ороишӣ зиннат дода шудааст.

Зимни боздид Президенти мамлакат аз сифати корҳои бунёдӣ ва ташаббуси соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ карда, қомат афрохтани Парчами давлатиро дар маркази ноҳия барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон нек маънидод намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар баробари бунёди Прачами давлатӣ ҳамчунин бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия, ки дар майдони 1 гектар доман паҳн кардааст, навсозӣ гардида, дар он барои истироҳати мардум шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Баъди қомат афрохтани Парчами давлатӣ намои зоҳирии боғ низ куллан дигаргун гашта, ба макони асосии гаштугузори мардум табдил ёфтааст.

Барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ — фароғатӣ дар майдони назди Парчам имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Мардуми бофарҳангу шукргузори ноҳияи Фархор аз ин дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Октябрь 2, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми сафари корӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе баргаштанд