Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии деҳоти Фахрободро дар ноҳияи Хуросон ба истифода супориданд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон бинои маъмурии деҳоти Фахрободро ба истифода супориданд.
Бинои маъмурии деҳоти Фахробод дуошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, бақайдгирӣ, маҷлисгоҳ бо 50 ҷойи нишаст, бойгонӣ, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шуда, барои фаъолияти кормандон имкони созгор муҳайё гардидааст.
Корҳои сохтмони бинои маъмурии деҳоти Фахробод соли 2018 оғоз гашта, иншоот дар масоҳати 420 метри мураббаъ дар доираи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Хуросон барои солҳои 2016-2020” бо сифати баланд бунёд гардидааст.
Фармоишгар ва маблағгузори бинои маъмурии деҳоти Фахробод Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамзансохтмон” ва Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиккомунпроект” анҷом дода шудаанд.
Атрофи бино панҷарабандӣ шуда, саҳн ва роҳравҳои он сафолакпӯш ва бетонпӯш гардидаанд.
Ҳамчунин гулу буттаҳои мавсимӣ ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуда, муҳиташ чароғон карда шудааст.
Аснои шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди фаъолият дар бинои маъмурии деҳоти Фахробод баҳои баланд дода, кормандонро барои тақвият бахшидани фаъолият ва содиқона иҷро намудани масъулияти бардӯшдоштаашон вазифадор намуданд.









Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон






