Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангиро дар деҳаи Хуррамзамини деҳоти ба номи Исмат Шарифи ноҳияи Данғара ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Исмат Шариф Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзаминро баъди навсозӣ ба истифода доданд.
Иншооти мазкур солҳои 50-уми асри гузашта бунёд ёфта, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт.
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкорона ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби соҳибкор Суҳроб Таваралиев бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба замони муосир навсозӣ карда шуд.
Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ду ошёна иборат буда, дорои 220 ҷои нишаст мебошад, ки дар он барои гузаронидани чорабиниҳои гуногун шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам аст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми фаъолонаи соҳибкори маҳаллиро дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва навсозии иншооти фарҳангӣ нишонаи баланди ватандӯстӣ ва ҷонибдорӣ аз сиëсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати мамлакат арзёбӣ карданд.
Саҳн ва атрофи Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин чароғон ва сабзу хуррам карда шуда, ин ҷо ба як макони ободу зебо табдил ёфтааст.
Дар Маркази фарҳангӣ, ки дорои толори кушоду барҳавои замонавӣ аст, минбаъд барои баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ ва ҷамъомадҳо имконияти васеъ фароҳам аст.
Ба кормандони Маркази фарҳангии деҳаи Хуррамзамин аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созҳои мусиқӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти тақвияти овоз тақдим гардид.
Солҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар раванди босуръату бесобиқаи корҳои ободонию созандагӣ бо бунёду навсозии иншооти наву замонавии таъиноти гуногун деҳоти ба номи Исмат Шариф ободу зебо гардида, барои сокинон шароити арзандаи кору хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.









Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд






