Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд нақшаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ ба анҷом расонида шуда, беш аз 15 ҳазору 400 иншооти гуногун бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Рушди минтақавӣ ба 37 миллиард сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш 108 фоиз таъмин гардид. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаи кӯтоҳмуддати рушди иқтисодии ҷумҳурӣ 27,2 фоизро ташкил намуд. Дар 9 моҳи соли 2026 дар вилоят ба маблағи 31,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш 108 фоиз таъмин карда шуд.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 1351 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 38 корхонаи хизматрасонии саноатӣ ва 1313 корхонаи истеҳсолӣ фаъолият кардааст. Намудҳои маҳсулоти истеҳсолшаванда дар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ба 271 номгӯй расонида шуд.
Дар вилояти Суғд дар моҳҳои январ–сентябри соли равон ба 3954,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 144,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми корҳои сохтмонию васлгарӣ ба 3577,4 миллион сомонӣ расида, беш аз 427 ҳазор метри мураббаъ манзили истиқоматӣ, аз ҷумла иқтидори иловагии таълимӣ барои хонандагону кӯдакон ба истифода дода шуд.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳо 427 388 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иқтидори иловагӣ барои 4198 ҷойи нишаст муҳайё карда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ иқтидори иловагӣ барои 568 ҷой ба истифода дода шуд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд






