Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ дар шакли видеоконфронс иштирок мекунанд

Октябрь 15, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 15 октябр, дар ҷаласаи солонаи Шӯрои сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шакли видеоконфронс иштирок мекунанд, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

 Ҷаласа таҳти раёсати Ҷумҳурии Беларус баргузор мешавад. Сарони кишварҳои ИДМ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ хоҳанд кард.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа қабули якчанд изҳороти сарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла ба муносибати 30-солагии Иттиҳод, оид ба ҳамкорӣ дар таъмини амнияти биологӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, ҳифзи ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони Иттиҳод, инчунин санадҳое, ки ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои дигар равона шудаанд, дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дар Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Содиқ Имомӣ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ) ширкат варзид.

                   АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд