Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сӯҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев доир гардид.
Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон сидқан табрик карда, ба ӯ сиҳатмандии комил, некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳо орзу намуданд. Дар ин зимн сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки ба пешрафти босуботи кишвари мо дар роҳи рушди устувор ва шукуфоӣ нигаронда шудааст, аз ҷониби муҳтарам Илҳом Алиев ба таври хосса таъкид гардид.
Президентҳо ҷанбаҳои рӯзмарраи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро баррасӣ намуда, ҷараёни рушди мусбат ва тавсеаи онҳоро ба нафъи мардумони ба ҳам бародари кишварҳои мо қайд карданд.
Ҳамчунин, мубодилаи афкор атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ анҷом ёфт.








Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид






