«РОҒУН – КОХИ НУРИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон дар НБО «Роғун» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Октябрь 2, 2021 10:05

ДУШАНБЕ, 02.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» таҳти унвони «Роғун – кохи нури Тоҷикистон» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба дастгоҳи КИМ ҲХДТ.

Дар ҳамоиш беш аз 100 нафар, аз ҷумла намояндагони вазорату кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, як гурӯҳ раисони кумита ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ҷамъиятӣ, роҳбарони мактабҳои олӣ, собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, намояндагони аҳли зиёю ҳунармандон ширкат доштанд.

Ноил гардидан ба истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар тавассути анҷом додани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо, мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз» бо мақсади ҳимоя аз манфиатҳои наслҳои оянда, дастгирии раванди ба истифода додани неругоҳҳои барқи обии хурду миёна бо назардошти имконияти мавҷуда, таҳкими раванди идомаи корҳо оид ба таҷдиду бунёди инфрасохтори зарурии таъминоти барқ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои афзоиши ҳаҷми содироти неруи барқ ба кишварҳои хориҷӣ тавассути дарёфти роҳҳои нави фурӯш ва ташаккули бозори минтақавии неруи барқ аз нишондиҳандаҳои муҳими барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир ба татбиқи сиёсати энергетикии кишвар ва баланд бардоштани самаранокии низоми таъминоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ мебошад.

Меҳмонони ҳамоишро дар даромадгоҳи шаҳр ва толори пазироии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» зери навои карнаю сурнай ва риояи унсурҳои миллии меҳмондорӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Роғун, Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Роғун», Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои  миллат, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сарпарастии маънавии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба зимма гирифта, ҳамеша талош менамояд, ки ин иншооти таърихию тақдирсози миллат дар муҳлати муқарраршуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Ин масъала дар меҳвари барномаҳои ҳизб қарор дорад ва барои амалӣ намудани ин иқдоми бузург тадбирҳои ҷиддӣ мунтазам андешида мешаванд.

Тайи солҳои охир ҲХДТ фаъолияти густурда амалӣ намудааст, ки ҳадафи он, пеш аз ҳама, ба тарғиби «Роғун» ҳамчун меҳвари иттиҳоду ҳамбастагӣ ва умед ба ояндаи беҳтари мардуми кишвар, муаррифии шоистаи ин «Кохи нур»-и Тоҷикистон ҳамчун иншооти муҳим барои тамоми ҷомеа ва баланд бардоштани рӯҳияи кормандони ин коргоҳи бузург нигаронида мешавад. Дар ин росто корҳои зиёде анҷом шудаанд ва дар оянда низ нақшаҳои мукаммал тарҳрезӣ мегарданд.

Сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» соли 1976 оғоз ёфта, баъдан бо сабабҳои маълум қатъ гардид.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо талошу тасмимҳои созандаи бунёдгузори «Роғун», Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дубораи оғози сохтмон ба миён омад.

16 ноябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд. Ҳамон рӯз дар маҳали сохтмони НБО «Роғун» хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе-Роғун”-ро бо пахши васлкунак ба истифода дода, орзуву омоли деринаи миллати тоҷикро ҷомаи амал пӯшониданд.

9 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор дароварданд, ки дар натиҷа, неруи барқи тавлидшаванда ба системаи умумии энергетикии мамлакат интиқол дода шуд.

“Роғун” пас аз такмили пурра бо тавлиди солона 13 миллиард киловат/соат неруи барқ кишвари моро дар минтақа ба бузургтарин содиркунандаи энерегияи арзону аз назари экологӣ тоза ва ба яке аз таъминкунандагони сиёсати энергетикии минтақа табдил хоҳад дод.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки «баъди пурра ба кор даровардани Неругоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем».

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи “энергияи сабз” дар миқёси сайёра ба шумор меравад.

Солҳои охир талабот ба неруи барқ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо низ мунтазам афзоиш меёбад ва тибқи пешгӯии мутахассисон, талабот ба он то соли 2030 нисбат ба ибтидои асри бисту як қариб чор баробар зиёд мегардад. Барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ бояд таъминоти кафолатноки неруи барқ таъмин карда шавад.

Тавре Пешвои миллат таъкид намуда буданд, маҳз бо ҳамин мақсад, яъне таъмин намудани пешрафти босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он мо рушди соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегии миллӣ эълон кардаем. Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии неруи барқ дар минтақа кумак мерасонад.

Мавриди зикри хос аст, ки тӯли ин солҳо аз ҷониби Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон — сарпарасти маънавии НБО “Роғун” ва зерсохторҳои он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати харидорӣ гардидани саҳмияҳои неругоҳ аз ҷониби аҳолӣ корҳои мушаххаси таблиғотӣ ба роҳ монда шуданд. Кормандон ва аъзои фаъоли ҳизб низ дар ин самт намунаи ибрат буданд. Аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ҳизб ҷиҳати дастгирии заҳматкашони неругоҳ борҳо корвонҳои ғизо ташкил гардид. Ин навбат низ миқдори зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ва хӯрокворӣ аз номи роҳбарияти олии ҳизб ба кормандони ин иншооти бузурги аср тақдим шуд.

Дар бахши маънавӣ ва фарҳангӣ низ масъулини Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар неругоҳ борҳо мулоқоту барномаҳои фарҳангӣ ташкил намуда, барои фароҳам овардани истироҳату фароғати кормандон ва рӯҳбаланд намудани онҳо ҳамеша саҳм мегузоранд.

Дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” кумитаи иҷроияи ибтидоии ҳизб ва мухбири махсуси нашрияи марказии ҳизб «Минбари халқ» фаъолияти доимӣ дошта, ба мардуми кишвар аз навидҳои тозаи ин иншооти бузург паём мерасонанд. Имрӯзҳо дар неругоҳ 853 нафар аъзои ҳизб фаъолият намуда, дар Кумитаи иҷроияи ибтидоӣ муттаҳид гардидаанд.

Дар ҳамоиши имрӯза ба нишони эҳтиром ва иродату самимият аз номи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва кулли аъзои он ба Директори генералии НБО “Роғун” дар вазъияти тантанавӣ армуғон супорида шуд.

Ҳамчунин ба миқдори 1000 адад китобҳои илмиву бадеиву публитсистӣ барои китобхонаи неругоҳ ҳадя гардида, изҳори умед карда шуд, ки ин китобҳо мавриди омӯзиш ва баҳрабардории аҳли заҳмат қарор мегиранд.

Бо далели натиҷаҳои назаррас дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ин неругоҳи бузурги аср якчанд кормандони фаъоли он бо Ифтихорномаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ сарфароз гардонида шуданд.

Барномаи пуршукӯҳи фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ҳунармандони шоистаю маҳбуби кишвар ба ҳамоиш ранги дигар бахшид.

АКСҲО: дастгоҳи КИМ ҲХДТ 

Октябрь 2, 2021 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Балҷувон иншооти нави соҳаи маориф бунёд гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ кӯдакистон, Қасри ҷавонон ва бинои нави беморхона ба истифода дода мешавад
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансур беш аз 14 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷамъоварӣ гардидааст
Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар бахши энергетика ва захираҳои об тавсеа меёбад
Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд