Сафири Тоҷикистон ва Вазири маорифи Озарбойҷон дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Октябрь 14, 2021 09:36

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 13 октябр вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Вазири маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон Эмин Амруллоев Элдар оглу баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои муштарак дар бахши маориф, танзими мулоқоти коршиносони ду кишвар, инчунин коркард ва татбиқи абзорҳои нави равобит дар ин самт табодули афкор намуданд.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 14, 2021 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд