ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ ГУЛРЕЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ! Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт
ДУШАНБЕ, 7.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Ба тамоми сокинони шаҳри Душанбе муроҷиат намуда, эҳтиромона даъват ба амал меорам, ки якдилонаю фаъолона дар тадбирҳои ба «Шаҳри гулрез» табдил додани пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе саҳм гузошта, дар мавсими сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани гулу буттаҳои ороишӣ дар назди манзили зист, боғҳо, хиёбонҳо ва канори роҳравҳои пойтахт гулҳои садбарги гуногунранг шинонида, парвариш намоянд. Бо ин иқдом мо на танҳо шаҳри худро гулрезу гулпӯш мегардонем, балки ба рушди эҳсоси зебоипарастии аҳли ҷомеа ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодии худ саҳм мегузорем, ба насли наврасу ҷавони мамлакат дӯст доштани табиати шаҳру деҳот, маҳалли зист ва сарзамини худро меомӯзонем. Чунин омадааст дар Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба сокинони пойтахт, ки имрӯзҳо дар шабакаҳои телевизион ва радиои пойтахт садо медиҳад.
Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.
Бояд гуфт, ки ниҳолшинониву гулшинонӣ аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.
Ва, бешак, имрӯз пойтахти давлати мо-шаҳри Душанбе дар назари аввал ба бӯстони пургуле шабоҳат дорад, ки диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Моро зарур аст, ки ба ин бӯстон гулу гулбутта ва ниҳолони нав афзуда, онро ба шаҳри зебоманзару сабзпӯш табдил диҳем.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Рустами Эмомалӣ бо мақсади бунёди Маҷмааи эҳёи хотираи таърихӣ бо бостоншиносону таърихнигорон вохӯрӣ намуданд
Имрӯз иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир гардид
ДУШАНБЕ-ШАҲРИ САБЗ. Дар пойтахт зиёда аз 12 миллион дона гулҳои мавсимию бисёрсола шинонида мешаванд
Бо иштироки 2500 нафар кӯдакон дар Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор гардид
Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал оғоз гардид
Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Озмуни «Беҳтарин маводи телевизионӣ, матбуотӣ ва радиоӣ дар шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
«QR-РОҲНАМО». Шаҳри Душанбе ба марҳилаи нави сайёҳии рақамӣ қадам мегузорад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки 20 ҳазор нафар ҳамоиши идона доир шуд
Рустами Эмомалӣ бо Сафири Чин дар Тоҷикистон Го Ҷитзюн мулоқот намуданд
Дар Душанбе даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» ҷамъбаст гардид






