Сомон Маҳмадбеков Тоҷикистонро дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 намояндагӣ мекунад

Октябрь 15, 2021 08:53

ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ дар шаҳри Парижи Фаронса мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 оғоз  шуда, то 17 октябр идома меёбад. Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ширкати 301 варзишгар, аз ҷумла 177 мард, 124 зан аз 48 кишвари 5 қитъаи дунё дар назар аст. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгари  шинохта Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг намояндагӣ мекунад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи дзюдои Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки  ҳоло зиёд ё кам шудани шумораи варзишгарон  дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 имкон дорад.

Сомон Маҳмадбеков иштирокчии мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аврупоӣ ва осиёӣ буда, нахустин чемпиони дзюдои  ҷаҳон миёни ҷавонон аз Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад, ки моҳи октябри соли 2019 дар Марокаш соҳиби медали тилло шуд. Инчунин моҳи августи соли 2019 дар мусобиқаи дзюдои  ҷаҳон миёни мардон дар Токио ширкат варзида, барандаи мақоми ифтихории 5-ум ва моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Осакаи Япония дар мусобиқаи бонуфузи Осака Гранд Слам — 2019 аз намуди гӯштини дзюдо  мақоми сеюмро сазовор гардид.

Паҳлавони  шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар раддабандии ҷаҳонии дзюдо миёни ҷавонон дар мақоми 1-ум ва миёни бузургсолон (мардон) дар зинаи 16-ум қарор дорад.

                                                        АКС аз  бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 15, 2021 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид